Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

баргаштанд. Дар Кейптаун Индира бо нутқи сиёсӣ баромад кард.

Дар Ҳиндустон ҷавононро хуб истиқбол нагирифтанд. Ҳар рӯз ба Нерӯ садҳо барқияву нома меомад, то ки ӯ ба издивоҷи духтараш бо оташпараст розӣ нашавад. Маҳамта Гандӣ ба кӯма-ки ҷавонон расид. Вай дар якчанд суханрониҳо ва мақолаҳояш ҳамаи одамонро новобаста ба эътиқод, дину миллат ва та-бақаҳои мухталиф бо ҳам баробар эълон намуд. Гуфтор ва ақидаи пешво корро ба фоидаи ҷавонон анҷом дод. Онҳо бо ҳам издивоҷ карданд. Соли 1944 Роҷив Гандӣ ба дунё омад. Пас аз ду сол писари дуюм чашм ба олами ҳастӣ кушод.

15 августи соли 1947 Ҳиндустон истиқлолият ба даст овард. Ҷавоҳирлаъл ҳукумати нав таъсис дод. Индира котиби шахсии падар шуд ва дар тамоми сафарҳои хориҷӣ ӯро ҳамроҳӣ мена-муд. Кишвар дар ҳолати қашшоқӣ буд, садҳо халқиятҳои гуно-гун, одамони зиёди бесаводу гурусна, ҳинду мусулмонҳои ақида-ҳояшон ба ҳам зид ба оташи ихтилофҳо доман мезаданд. Соли аввали истиқлолиятро хунрезиҳои зиёди намояндагони динҳои гуногун ба мотам табдил доданд. Ҳатто ба тарафҳои зид гурус-нанишинии “падари халқҳо” Маҳатма Гандӣ сабақ нашуд, да-холати нерӯҳои ҳарбӣ ва муҷозоти иқтисодӣ низ нафъ наовар-данд. Дар чунин шароити муташанниҷ истеъдоди мардумши-носии Индира рӯи об баромад. Вай бе ягон муҳофиз ба назди тӯдаҳои ба ҳам зид меомад, онҳоро ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ мехонд. Бисёр мили туфангҳо пас аз нутқи инсондӯстонаи ӯ поён мехамиданд, корду шамшерҳои дар болои сарҳо алвончҳӯран-да дар ғилофҳо ҷой мешуданд.

Муборизаҳои сиёсӣ тунду тез ҷараён мегирифтанд. Индира ба ҳаёти оилавӣ дигар вақт намеёфт. Сентябри соли 1960 дар ҷануби кишвар корпартоёнро бо маъмурияти минтақа оштӣ доронда, ба Деҳлӣ баргаштанӣ буд, ки хабари маризии сахти шавҳараш расид. Тамоми шаб дар назди Фирӯз буд. Субҳдам бемор фавтид. Соли 1964 падараш Ҷавоҳирлаъл Нерӯ низ чашм

пешина
аз 424
навбатӣ