Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар ҳаштсолагӣ бо тавсияи пешво дар зодгоҳаш дар байни ҳамсолонаш иттиҳоди рушди бофандагии хонагиро созмон бахшид. Аъзои он дар "Маъвои хуррамӣ" аз риштаҳои дағал дастрӯймол ва кулоҳ- “топи”-ҳои гандий мебофтанд. Ҳангоми танаффус Индира дар назди ҳамсолонаш бо эҳсоси баланд нутқ эрод карда, маҳорати нотиқиашро сайқал мебахшид.

Духтари Нерӯ маълумоти хуб гирифт. Падар, новобаста аз серкорӣ ва маҳбусӣ аз вай чизеро дареғ намедошт. Аз зиндон ба Индира қариб 200 нома навиштааст. Онҳо ба мактуб не, ҳама ба эссе шабоҳат доштанд. Муаллиф ба ғайр аз ҳисси ботинӣ, ҳолати рӯҳӣ ақидаҳои фалсафиашро низ ба духтараш иброз карда буд.

Соли 1934 Индира ба донишгоҳи халқии аз ҷониби адиби маъруфи ҳинд Робиндронат Такур созмонёфта шомил гашт. Барномаи таҳсил дар ин манбаи дониш анъанаҳои аврупоиро бо ҳиндӣ ба ҳам мепайваст. Донишҷӯён забонҳо, таъриху адабиёти дунёро меомӯхтанд ва ҳам аз таъсисдиҳандаи донишгоҳ Робиндронат Такур сабақ мегирифтанд.

Вале маризии модар Индираро аз таҳсил бозмедорад. Беморро ба Швейтсария меоранд. Соли 1938 модар аз касалии сил мефавтад. Индира танҳо мемонад, зеро падар дар маҳбас буду бобою бибиаш фавтида буданд. Дар ин рӯзҳои пургаму андӯҳ дар паҳлӯяш Фирӯз Гандӣ (ҳамнасаби Маҳатма Гандӣ) меистод. Вай супоришҳои Ҷавоҳирлаҳлро низ ба сомон мерасонд. Ҳангоми ноҷӯрии Камола дар Швейтсария Индираро танҳо намегузошт. Модар ишқи Фирӯзро нисбати духтараш пай бурда ба онҳо бахти сафед хоста, дуо дод. Вале падар ба издивоҷи онҳо розӣ намешуд. Зеро Фирӯз Гандӣ ба табақаи форсҳои оташпараст мутааллиқ буду ҳиндуҳо бо онҳо хеш шуданро ба худ муносиб намедиданд.

Индира баъди фавти модар ба донишгоҳи Оксфорд, ки Фирӯз низ он ҷо мехонд, дохил шуд. Пас аз огози ҷанги дуюми ҷаҳон онҳо ба воситаи Атлантика ва Африқои Ҷанубӣ ба ватан

пешина
аз 424
навбатӣ