Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҳам Ковалевский буд, Максим Ковалевский, марди нерӯманд, хушсуҳбат, олими фанҳои гуманитарӣ.

София Василевна, зани баркамоли боэҳтирос, хеле хушрӯй шуд, қиёфааш тамоман тағйир ёфт, сару либоси сиёҳи мотамиро, ки намезебид, бо пироҳани осмонӣ иваз намуд. Акнун қисми зиёди вақташро ба дилдораш мебахшид. Ҳалли муаммои риёзӣ дар вартаи фаромӯшӣ меистод. Ковалевская рӯбарӯи дуроҳа монд: ҳаёти шахсӣ ё илм? Вай илмро ихтиёр намуд. Зеро София Василевна кайҳо ба ғуломи ҳалқабаргӯши илми риёзӣ табдил ёфта буд.

Соли 1888 дар Париж ба Ковалевская дар ҷамъомади бошукӯҳ ҷоизаро супурданд. Вай ба суханони олимон гӯш меандохту худро танҳо, бадбахт ва афтодарӯҳ эҳсос мекард. Шаби ба 31 декабри соли 1890, дар арафаи соли 1891, дар Генуя бо Максим вохӯрд. Ҳангоми сайругашт дар байни сағонаҳои қабристони ором гуфт: “Якеи мо соли меомадаро ба охир намерасонад”. Пас аз як моҳ София Василевна дар Стокголм фавтид.

Ковалевская ба ҷаҳониён собит сохт, ки зан ба иҷрои корҳои бузурге қодир аст. Воқеан, ба ивази бахташ.

Индира Гандӣ
(Солҳои зиндагиаш 1917-1984)

Сарвазири Ҳиндустон дар солҳои 1966 -1977 ва аз соли 1980, вазири корҳои хориҷӣ дар соли 1984. Духти Ҷавоҳирлаъл Нерӯ. Иштирокдори ҳаракати миллию озодихоҳӣ. Яке аз пешвоёни ҳизби Конгресси миллии Ҳиндустон ва баъди ихтилоф дар ҳизб аз соли 1978 раиси ҳизби ҷонибдорони Маҳатма Гандӣ. Бо дасти террорист кушта шудааст. Оташи маросими дафн, ки мувофиқи анъанаҳои бостонии ҳиндуён афрӯхта буданд, то охир

пешина
аз 424
навбатӣ