Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ба назди риёзидони барҷастаи замон Вейерштрассе. Олими танҳою ба дунёи ботинии худ фурӯрафта, бо одамон хеле кам вомехӯрд, ба сӯҳбати ӯ муяссар шудан қариб номумкин буд. Вале София Ковалевскаяро низ касе аз роҳаш боздошта наметадонист. Вай тавре сухан меронд, ки шунаванда об мешуд. Вейерштрассе ӯро ба ҳузур пазируфт, аммо зиёд нигоҳ надошт. Барои он ки дигар дарди сараш надиҳад, як баста масъалаҳои риёзиро ба дасти София гузошт. Профессор меандешид, ки бо ин роҳ аз занак халос мехӯрад. Аммо ҳайрати олим тасаввурнопазир буд, вақте ки баъди як ҳафта Ковалевская ҳамаи масъалаҳои дандоншиканро ҳал карда ва шарҳҳо навишта овард. Математики пир баъди ин ҳодиса аз нав рӯҳ гирифт ва ба ҳаёти илмӣ баргашт. София Василевна дар Берлин се кори илмиро анҷом дод. Профессори донишгоҳи Стокголм интихоб шуд. То ӯ ягон бону ба ин унвон сазовор нагашта буд. Ва дар ҳаёти оилавӣ низ тағйирот ба амал омад. Ковалевская духтарчае ба дунё овард. Аммо зиндагии оилавӣ бароиш мушкил буд. Яке аз дугонаҳояш навиштааст, ки София ҳатто пироҳан харида наметавонист, намедонист, ки чӣ хел ҳақи фойтунчиро диҳад. Дар Стокголм, ки қариб 15 сол зиста буд, вай танҳо як роҳро медонист: хона - донишгоҳ. Яъне ӯ аз ҳаёти муқаррарӣ фарсахҳо дур буд. Шавҳараш низ ҳатӯлкор баромад ва барои нокомиҳояш занашро гунаҳгор медонист. 15 апрели соли 1883 Владимир Онуфриевич хлороформро зиёд бӯй кашиду аз дунё даргузашт. Фоҷиа ба рӯҳияи София зарбаи беамон зад. Вай аз хобу хӯр монд. Барои он ки аз дарди талафоти шахси наздик наҷот ёбад, ба ҳалли масъалаи даврзании ҷисми сахт даст зад. То Ковалевская ба ҳалли ин масъала ду математики барҷаста, академикҳо Эйлер ва Лагранж кӯшида буданд. Вале он ҳал нашуд. Академияи илмҳои Франция чанд даҳсола пештар барои ҳалли муаммо ҷоиза муқаррар карда буд.

Вақте ки София Ковалевская нисфи масъаларо ҳал намуд, ишқи нахустин ба қалбаш меҳмон омад. Аҷиб, ки насаби вай

пешина
аз 424
навбатӣ