Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ба София дил бохта буд, вале духтарак инро пай набурд. Дар майнаи ӯ, қалби ӯ, вуҷуди ӯ ҳамоно муодилаҳо чарх мезаданд ва ҳалли онҳо бароиш аз ишқи тасодуфӣ заруртар буд.

Никоҳи қалбакӣ барои хоҳарон аҳамият надошт. Онҳо мехостанд ҳарчӣ зудтар яке ба шавҳар барояду ба ҳаёти озодона ноил гардад ва дигариро бо худ ба хориҷа барад. Пас аз никоҳ онҳо, се нафар, Анна, София ва Ковалевский озими хориҷа шуданд.

Софияро донишгоҳи Гейделберг ба оғӯш гирифт, аммо шароит ба мисли Русия одӣ набуд. Немисҳо ҳанӯз одат накарда буданд, ки дар омӯзиши илми математика зан ҳузур дошта бо-шад. Онҳо дар тааҷҷуб монда буданд, ки чӣ тавр ҷинси латиф баҳри омӯзиши риёзиёту физика ин қадар заҳмат мекашад.

Ба назараш чунин мерасид, ки София дар ҳаждаҳсолаги-аш аллакай ба қуллаи мурод расидааст. Аммо ноомадии кор, ки ӯро аз хурдӣ дунболагир буд, боз ба пешравиаш садд гузошт. Владимир Онуфриевич бесабаб бо София ақди никоҳ набаста буд. Вай аз ин издивоҷ умеди зиёде дошт. Меандешид, ки ша-вқи завҷааш ба илми риёзӣ оҳиста-оҳиста аз байн мераваду меҳри шавҳар ба дилаш ҷой мегардад ва ба ҳамин минвол зин-дагиашон маҷрои муайян мегирад. Вале ин тавр нашуд. Со-фия бо тамоми ҳастӣ ба илм фурӯ рафт. Барои ӯ ишқ бегона буд. Гоҳо меандешид, ки чаро шавҳараш бо вай меҳрубон нест, барои чӣ дар оилаи онҳо кӯдак таваллуд намеёбад, чаро мард аввалин шуда аз муҳаббат ҳарф намезанад. Мутаассифона, Владимир Ковалевский ҳам дар тиҷорат, ҳам дар илм ва ҳам дар ҳаёти оилавӣ хеле камҷуръат буду нони даҳонашро хоида наметавонист. Вай дар паҳлӯи завҷааш, ки зани донишманд, боирода, қатъӣ буд, хеле ҳақир менамуд. Ҳатто ба бӯсидани завҷааш ҷуръат намекард, ҳамхоб шудан он тараф истад.

Анна дар Париж ба дӯстдоштааш ба шавҳар баромад. София ғам мехӯрд ва ашк мерехт, ки чаро Парвардигор ба ӯ ишқ ато накард. Вай қасдашро аз илм мегирифт. Ба Берлин омад,

пешина
аз 424
навбатӣ