100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
дар сақфи хона ширеш намудаанд. Аломатҳои сеҳрноки шифти хона ақли гирои Софияи наврасро ба таҳрик оварда, ба сӯи олами пурасрори рақамҳо ва шаклҳои геометрӣ раҳнамун сохтанд. Агар ҳамин варақҳо намебуданд, шояд олам дар симои София Ковалевская олими барҷастаи математикаро аз даст медод.
Вақте ки духтари хурдӣ ба синни 15 расид, модар қасд кард, ки онҳоро барои таҳсил ба Петербург барад. Дар Русияи соли 1860 ҳаракати феминистӣ — баробарҳуқуқии занон бо мардон авҷ мегирифт. Бонувон баҳри гирифтани маълумоти олӣ кӯшиданд, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзиданд. Он замон бештари одамони Русия меандешиданд, ки бо қувваи ақлу хирад ва дониш ҳамаи мушкилоти ҷомеаро ҳал намудан мумкин аст.
София ва Анна маҳфили духтаронро созмон доданд. Баъзе бонувон бо ёрии хоҳарон илми тиб меомӯхтанд. Ҳангоми ҷанги Қрим аллакай гурӯҳҳои хоҳарони шафқати Салиби Сурх амал мекарданд. Вале барои омӯхтани ҷисми инсон, аз ҷумла мард, лозим меомад, ки бонувон ба хориҷа ба таҳсил раванд.
Вале он вақт ба бонувон танҳо бо волидайн ё ҳамроҳи шавҳар иҷозати хориҷа рафтан дода мешуд.
Дар ин муддат София баъди шунидани лексияҳои табиатшиносони шинохта Сеченов ва Мечников дарк сохт, ки ӯ барои омӯхтан ва минбаъд пеш бурдани илми риёзӣ офарида шудааст. Вай аз олимон сабақ мегирифт ва соатҳо аз рӯи формулаҳои математикӣ сар намебардошт. Барояш ғайр аз риёзиёт дигар ҳама чиз дуюм ва ҳатто сеюмдараҷа менамуд. Шиносҳояш аз заҳматнописандиаш ба ҳайрат меафтоданд.
Боре Анна ӯро барои дидани домодшавандааш даъват
намуд. Анна мехост барои ба хориҷа ба таҳсил рафтан бо Владимир Ковалевский никоҳи қалбакӣ бандад. Аммо “домодшаванда” Сонияро дидан замон гуфт, ки танҳо бо ӯ издивоҷ хоҳад
кард. Бигузор қалбакӣ бошад ҳам. Вай бо як назар афкандан

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо