Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

афсонаҳо шабоҳате дошт. Гӯё фариштаҳо ҳама чизи зарурии зиндагии бофароғатро бароиш тӯҳфа оварданд, аммо “дастовез”-и ҷини бадбине ҳамаи ояндаи некро хати батлон зада, нокомиро ба ҷои аввал бароварда бошад. Пеш аз ҳама “дастовези ҷин” дар зан будани Ковалевская нақш мебозид. Дар бари олими бузурге, ҳарчанд аз ҳад фидой, аз ҳаёти заминӣ дур бо-шад ҳам, ҳамеша завҷааш меистод ва зиндагии ӯро ба маҷрои ором равона месохт. Агар худи зан олими барҷаста бошад-чӣ? ... Он гоҳ ин бадбахтии комил ва зиндагии танҳои якумра барои бонус аст. Хоҳарон Корвин-Круковскаяҳо, Анюта ва София, аз хурдӣ духтаракони ғайриодӣ ба назар мерасиданд. Падари онҳо Василий Василевич низомӣ буд, аз ин рӯ бо тақозои вазифа оилааш аз маҳале ба маконе мекӯчид. Духтарон озод, муста-қил, босубот, бебок ва оташин калон мешуданд. Вақте ки воли-дайн бароишон мураббӣ гирифтанд, аллакай хеле дер шуда буд.

Анна аз падар талаб намуд, ки ӯро барои хондан ба Петербург барад. Он солҳо чунин дархости духтар ба ақл рост намеомад. Вай якравона асарҳои Аристотелро мехарид ва “Таъри-хи тамаддун”-ро меомӯхт. Боре генералпадар лифофаи ба номи мураббӣ ба хонааш омадаро кушода дид, ки дар дохилаш 300 рубл истодааст. Ба вай аз нома маълум гашт, ки ин ҳаққи қала-ми ҳикояи дар маҷаллаи “Эпоха” аз ҷониби худи Достоевский чопшудаи Анна будааст. Ҷанҷоли сахт ба вуқӯъ пайваст. Генерали ба ғазаб омада дод мезад: “Ҳоло ту қиссаҳоятро ме-фурӯшӣ, шояд вақте мерасад, ки худатро ба бозор мебарӣ!”

Сония дар ин ҳарҳашаи оилавӣ, албатта, ҷонибдори пинҳонии апааш буд. Вай ҳам аллакай шеърҳо мебофт. Аммо ӯ дар ниҳодаш як кашиши пурзӯреро ба омӯзиши риёзӣ ҳис менамуд, ки ёрои ба он муқовимат кардан надошт. Соатҳои зиёд ба як кунҷи сақфи хона чашм медӯхту аз аломатҳои гуногун ба ҳайрат меафтод. Баъд маълум шуд, ки устоҳо ҳангоми таъмири хона варақҳои китоби математикаи олии Остроградскийро

пешина
аз 424
навбатӣ