Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҳазорҳо нафар хонандагон дар ҷустуҷӯи он буданд, ки зери тахаллуси «Ҷорҷ Элиот» кӣ пинҳон аст. Бояд ба эҳсоси одамшиносии Диккенс қоил шуд. Вай дарк сохт, ки муаллифи романи ҳаҷӯйбардошта зан аст. Ҳатто ношир инро пай набурд, зеро дастнависро аз Люис гирифта буд.

Боре Люис ноширро ба хӯроки пешин даъват кард ва ваъда дод, ки бо «ношиноси бузург» ошно месозад. Ғизохӯрии сенафарон хеле тӯл кашид. Ва баъди он ки меҳмон аз наомадани Элиот афсӯс хӯрд, Люис бо як хандаи осмонкаф завҷаашро ҳамчун Ҷорҷ Элиот шиносонд. Сир фош шуд ва ин сари вақт буд. Зеро аллакай «нависанда»-ҳое падид омаданд, ки худро соҳиби тахаллуси Ҷорҷ Элиот эълон мекарданд. Ба ин муносибат Мэри Анн Эванс дар «Таймс» номае ба чоп расонд ва пардаи асрор аз рӯи тахаллусаш бардошт.

Романи «Осиёбе дар Флоссе» (1860) ба шӯҳрати Элиот шӯҳрати дигар зам кард. Қаҳрамони мо зуд маъруф шуд. Ҳатто гуноҳи издивоҷи ғайриоддиашро низ бахшиданд. Акнун бисёриҳо мехостанд бо ӯ аз наздик вохӯранд. Рӯзҳои шанбе ба хонааш нависандаҳо, файласуфон, журналистон меомаданд.

Гули сари сабади маҳфил чун ҳамешагӣ Люис буду Мэри дар гӯшае бо як нафари интихобнамудааш сӯҳбат меорост.

Вазъияти Элиот дар ҷомеа якранг набуд. Аз як тараф ӯ бо марди зандор мезист, ки хилофи ахлоқи ҳамида аст, аз ҷониби дигар асарҳояш ӯро ҳамчун мураббии сахтгир дар ҳалли масъалаҳои одоб муаррифӣ менамуданд. Ҳатто шоҳбонуи Англия аз набераҳояш мутолиаи асарҳои Элиотро хоҳиш мекард.

Соли 1878 Люис аз олам даргузашт. Ба назар чунин мерасид, ки Мэри аз ин зарбаи ҳаёт дигар ба худ намеояд. Вале ӯ баъди чанд моҳ ба шавҳар баромад. Ва боз ҳам издивоҷи вай боиси шӯру мағал гашт. Ин дафъа баргузидаи Элиот шахси муҷаррад, озод, вале сисола Ҷон Уолтер Кросс буд.

Чаро ҷавонмард бо адибаи умрдида ақди никоҳ баст, ба касе аён нест. Вай аз маблағ тангӣ намекашид. Мэри низ сари

пешина
аз 424
навбатӣ