Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ӯ низ таъсир мерасонд. «Ман ҳеҷ гоҳ худро ба ин андоза доно ва боандеша эҳсос намекардам, агар сӯҳбати хоса бо Элиот намедоштам», - гуфта буд як шиноси умумии мо. Акнун бигӯед, ки кадом мард намехост дар сӯҳбати Ҷорҷ Элиот бошаду худ- ро даҳо напиндорад?» Маълум мешавад, ки нахустин фемини- стҳо, умуман дар назди хеш мақсади рӯҳан шикастани мардро надоштаанд. Ба ҳар ҳол ба ақлу закобати Мэрӣ мафтун гашта- ни Льюис дар қалби духтарак ҳисси боварӣ нисбат ба маҳорати нависандагиашро бедор кард ва ӯ саргарми эҷод шуд.

Льюис аллакай дар байни адибон ва олимони англис шахси маъруф буд. Мушкилӣ дар муносибати онҳо оиладор будани Льюис ба ҳисоб мерафт. Вай се нафар писар ҳам дошт ва ин ба издивоҷи Мэрӣ бо дӯстдораш халал мерасонд. Вале онҳо аз соли 1853 ошкоро бо ҳам мезистанд. Ҳамаи хешовандон аз Мэрӣ рӯй гардонданд, бародари меҳрубонаш Айзек низ. Мар- дҳои олийрутба, ҳарчанд ба маҳорати эҷодии Элиот сари таъ- зим фуруд меоварданд, намехостанд, ки дар маҳфилҳои адабӣ завҷа ва ҳам духтаронашон бо адибаи мумтоз аз наздик шинос шаванд. Вале дар симои Льюис, ки маҳорати эҷодии ӯро кашф намуд, Мэрӣ рафиқи вафодор ёфт.

Льюис сӯҳбаторо, ровии беҳамто, одами хушҳол буд, дар як лаҳзаи кӯтоҳ метавонист дар атрофаш гурӯҳи ашхоси ҳамақи- даро гирд орад. Вай Мэриро ба навиштани романҳо илқо на- муд ва таҳаллусашро Ҷорҷ Элиот номид. Соли 1857 нахустин новеллаи Мэрӣ «Қисмати талхи мӯҳтарам Эймос Бартон» ба чоп расид. Агар дастгирии Льюис, тарғиби лаёқати эҷодгарии Мэрӣ аз ҷониби ӯ намебуд, шояд маҳорати нависандагии Ҷорҷ Элиот дар «хоб» мемонд ва шӯҳрати ҷаҳонӣ намеёфт. Яъне, ки феминизм муносибати некхоҳона нисбат ба занони оқила низ будааст.

Романе, ки ба Ҷорҷ Элиот шӯҳрат овард, соли 1859 ба табъ расид ва «Адам Бид» ном дошт. Мунаққидон асари ӯро бо кито- бҳои Диккенс ва Теккерей дар як раф мегузоштанд ва ба мисли

пешина
аз 424
навбатӣ