Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

низ нисбат ба Диккенс ва Теккерем пештоз аст. Манзалати бадеии асарҳои вай боиси баҳсу мунозира буда метавонад, вале ақли аналитикии нерӯманди Элиот аз ҳар гуна шубҳа дар канор мемонад.

Мэри Анн Эванс дар оилаи буржуи миёнаҳоли англис, вале басо обрӯманд, ки дар он анъанаҳои аҷдодӣ қатъӣ риоя мешуданд, ба камол расидааст. Падараш шахси даҳ панҷааш ҳунар буд. Дар мулкҳои шахсии боён саркор буд, тамоми нозукиҳои хоҷагии деҳотро медонист. Мерӣ дӯстдоштаи падар буд. Мистер Эванс барвақт аз ақли гирои мардонаи духтараш воқиф гашт. Вале табиат хасисӣ карда ба Мерӣ симои дилкаш надод.

Бояд гуфт, ки зебоии зоҳирии Элиот то дер суфта шуд. Дар 32-солагиаш ҳанӯз муҷаррад буду ҳамроҳи падар мезист, аз хати кашидаи ӯ берун намерафт. Агар нохост ба калисо рафтан нахоҳад, аз падар гап мешунид. Аз ин рӯ сабабҳои ба комёбӣ ноил гаштани Мэриро дар озодиаш аз банду басти оилавӣ медонанд. Баъди он ки мӯйсафед Эванс аз дунё чашм пӯшид, озодӣ ба духтари аз ҳар ҷиҳат ба балоғат расида шароити эҷод ба миён овард. Вай бо занҳои ба мисли худаш бомаърифату доно шинос гардид. Ба воситаи файласуф Герберт Спенсер ва ношир Чепмен, ки бо онҳо робитаи корӣ дошт, Мерӣ бо Ҷорҷ Генри Люис шинос шуд. Бо ин дарк сохт, ки вай ҳам ба нафаре писанд неомадааст ва табиат ӯро аз бахти занона куллан маҳрум накардааст.

Мерӣ зоҳиран хушлиқо, дилбару фаттон набошад ҳам, лаёқати мардафкание дошт. Ӯ метавонист соатҳо мусоҳибашро
бишнавад, аммо на ба мисли маъшуқаҳои яклаҳзагӣ, балки чун
зани донову оқила. «Ровии беҳамто набуд, ҳатто дар сӯҳбатҳои
умумӣ фаъолона ширкат намеварзид,- навиштааст дар бораи
Элиот риёзидони маъруф София Ковалевская.- Вале ӯ ба дараҷаи ниҳоят баланд санъати шунидан ва касро ба сӯҳбати
ошкоро кашидан дошт; вай на танҳо мақсади мусоҳибро ҳанӯз
пеш аз сухан гуфтанаш дарк мекард, балки ба тарзи фикрронии

пешина
аз 424
навбатӣ