Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Жорж Элиот
(Солҳои зиндагиаш 1819-1880)

Ному насаби ҳақиқиаш Мэри Анн Эванс. Адибаи англис. Аз фалсафаи позитивизм (равияи идеалистии фалсафа, ки донишро маҳсули илмҳои махсус шумурда, фалсафаро ҳамчун илм инкор мекунад) ғояи таҳаввулоти тадриҷии ҷомеа ва таркиби мутаносиби синфҳоро дар асарҳояш рушд додааст. Муаллифи романҳои «Осиёбе дар Флоссе» (1860), «Сайлес Марнер» (1861), «Миддлмарч» (1871-1872) ва ғайра.

Зери ин тахаллус зане ниҳон буд, воқеан ҳам бонуи типи нав, ки бо зоҳиру ботини хеш зани озоди асри XIX-ро таҷассум месозад. Элиот феминизм (баробарии зану мард)-ро дар шакли радикалӣ зоҳир месохт, Жорж Санд (адибаи фаронсавӣ, муаллифи «Консуэло») бошад, феминисти орзупараст буд. Ҳангоми бори нахуст мутолиа намудани асарҳои Элиот пеши назар муаллифи бо ришуфаше падид меояд, ки ақидаҳояшро бо дуруштӣ иброз медорад. Баъдтар кас ба хулосае меояд, ки дар воқеъ дандонҳои гургро зери пӯсти харгӯш пинҳон нигоҳ доштан дер намепояд, ба мисли он ки зери фалсафаи инсондӯстона ва муҳокимарониҳои тунду тез ботини занонаро ниҳон доштан ғайриимкон аст. Чӣ қадаре ки дуруштгӯй ва мулоҳизакориро ба ҳам наздик оред, ҳамон андоза одамияти муаллиф намудор мегардад.

Воқеан, инкор кардан нашояд, ки Элиот романнависи аз ҳама бомаърифати асри XIX-и англис, дар ин самти муносибат

пешина
аз 424
навбатӣ