Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

дараҷае расид, ки Вревская ҳатто ба Тургеневи маъруф нисбат ба муносибаташ бо ҳамкасбон маслиҳат медод. Масалан, дар як мактубаш Юлия Петровна аз Иван Сергеевич хоҳиш мекард, ки бо Николай Алексеевич Некрасови ба дами марг расида оштӣ шавад.

Тургенев низ ба Вревская 48 мактуб навиштааст. Робитиаш онҳо то ба кадом нуқтаи ниҳоӣ расид, имрӯз пӯшидааст. Аммо ба Иван Сергеевич ин бону хеле писанд буд. Бесабаб нест, ки ӯ аз сафари Юлия ба майдони ҷанг сахт хавотир мекашид.

Қалби Вревская аз бефоида, бемақсад, муфт гузаштани умри гаронбаҳо сахт фишор мехӯрд. Вай аз берангии рӯзҳо азоби алим мекашид. Мақсад аз зистан чист, меандешид ӯ. Ва худи ҳаёт роҳи ҳалли муамморо барояш нишон дод.

Соли 1876 дар Балкан оташи шӯриши халқҳои славян бар зидди ҳукмронии туркҳо аланга зад. Ҷанг басо хунин ва бераҳмона буд. Дар якчанд рӯз туркҳо 15 ҳазор шӯришгарро ба қатл расонданд ва 79 деҳаро ба коми оташ андохтанд. Пас аз як соли ин воқеа ҷанги русу турк оғоз гашт. Юлия Петровна курси кӯтоҳмуддати хоҳарони шафқатро хатм намуда, аз ҳисоби маблағи шахсиаш дастаи хоҳарони шафқатро ташкил намуда, ба ҷабҳа рафт. Мардони асри XIX мегуфтанд, ки майдони ҷанг ҷои зан нест. Вале дар ҷанги Қрим, солҳои 1853-1856, артиши рус бори нахуст аз нерӯи хоҳарони шафқат истифода бурда буд. Пас аз бист сол ҳам пайдо шудани зан дар муҳорибаҳои хунин ва ҷойҳои захмбандию ҷарроҳӣ мардонро ба ҳайрат мегузошт.

Моҳи июни соли 1877 баронесса Вревская дар беморхонаи ҳарбии рақами 45-и Ясса бо гурӯҳаш ба кор шурӯъ намуд. Баъди ду рӯз як қатора маҷрӯҳонро овард. Онҳоро фуровардан, оббозӣ дорондан, захмҳошонро шуста бастан, ғизо додан ва бароишон китоб хондан вазифаи хоҳарони шафқат буд. Оре, кори тоқатшикан.

Корнамоии ӯ худфарсоӣ буд. Вай дигар ба тарзи зиндагии гузашта баргаштан намехост. Акнун бароиш маънии ҳаёт ошкор

пешина
аз 424
навбатӣ