Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Юлия дар соле чашм ба дунёи рӯшан кушод, ки Лермонтов кушта шуд. Ва аҷибаш ҳамин ки зодгоҳаш аз ҷои куштор он қадар дур набуд. Боз омада-омада ба Ипполит Александрович Вревский ба шавҳар баромад, ки ӯ, генерали ҷангдида, фармондеҳи қӯшунҳои ҷабҳаи Лезгини Қафқоз, дар мактаби гордии прапоршиқҳо ва юнкерҳои савора бо Лермонтов ҳамсабақ буд. Шояд рӯҳи шӯришгарё3-наи шоири маъруф ба тифли маъсум, духти генерал Пётр Варпаховский интиқол ёфта бошад? Вале баъзе ровиёни ахбор ба ин ақидаанд, ки қаҳрамони мо гӯё дар губернияи Смоленск соли 1837 таваллуд шудаасту дар даҳсолагӣ бо падараш ба Қафқоз омадааст. Ба ҳар ҳол дар кӯҳистон ба воя расид ва ҳам тарбияи хосаи ашрофона гирифт. Дар шонздаҳсолагиаш бо генерали аз худаш сӣ сол калон бо хоҳиши волидайн издивоҷ кард. Мутаассифона, пас аз як соли тӯй бева монд. Генерал Вревский ҳангоми ҳуҷум ба аули Ки-турӣ сахт захм бардошт ва дигар ба худ наомад. Баъд маълум гашт, ки генерали марҳум аз черкесзанҳо фарзандҳо доштааст. Юлия ба фоидаи онҳо аз мероси шавҳараш пурра даст кашид ва ба Петербург рафт. Хонадони шоҳ ӯро бо меҳру шафқат пазируфт. Вай бо хоксорӣ, фурӯтанӣ ва софдилию зебоии табиии ботиниву зоҳириаш ба ҳама хуш омад. «Ман дар тӯли умрам бо чунин зани мафтунсозанда вонахӯрда будам, — мегуфт дар ҳақи ӯ нависанда В. Соллогуб. — На танҳо бо зебоии зоҳирӣ, балки бо малоҳат, табиати латиф, некӯй ва меҳрубонии беинтиҳояш қалбҳоро тасхир кард». Шоир Я. Полонский, рассоми моҳиқалам И. Айвазовский низ мафтуни сӯҳбати ӯ буданд. Дар Париж бошад, донандаи рӯҳи занҳо Виктор Гюго ба ин бонуи рус бетафовут намонд.

Вале ягон робита ба мисли муносибати Вревская бо адиби оламшумул И. Тургенев наздик набуд. Онҳо соли 1873 бо ҳам шинос гаштанд. Тобистони соли ояндааш бошад, Юлия панҷ шабонарӯзро дар мулки Тургенев сипарӣ намуд ва аз гуфтугӯйҳои пурғайбат парвое ҳам накард. Баъди ин дӯстии онҳо ба

пешина
аз 424
навбатӣ