100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Ба ҳар ҳол Блавасткая маҳорати фавқулоддае дошт дар самти ба худ кашидани одамон. Пас аз як сӯҳбат бисёриҳо ба домаш меафтоданд. Сергей Витте навиштааст: «Дар ниҳоди ӯ оташи иблисона ниҳон буд. Чашмони калон-калони осмонӣ дошт, ки ман дигар чунин чашмро дар касе надидаам. Ва ҳангоме ки дурӯғ мегуфт, аз чашмони бадхашмаш барқ меҷаҳид. Аз ин рӯ ба ҳайрат намеафтам, ки чаро ӯ ба одамон таъсири муассир мерасонад».
Мутахассисони ҷамъияти рӯҳшиносии Лондон, ки ба тадқиқи рӯҳи инсон машғуланд, Елена Петровнаро «яке аз фиребгарони ба авҷи камолот расида, ҳушёру зирак ва ҳавасангез» номидаанд. Бинобар он ӯро метавон «Калиостро дар либоси занона» гӯем. Ба ҳар ҳол бисёриҳо Блавасткаяро донишманд, мутафаккир меҳисобанд, ки ба одами хокӣ роҳи ҳақиқатро нишон додааст.
Вақте ки Елена Петровна вафот кард, ҷамъияти ваҳдонияи ӯ 60 ҳазор нафар аъзо дошт. Блавасткая барои идеяи бутпарастӣ, кришнаҳо ва йогҳо ба Ғарб роҳ кушод. Идеяи ваҳдонӣ ба эҷодиёти Г. Малер, Я. Сибелиус, А. Скрябин, В. Кандинский, П. Гоген таъсир расонд. «Амрикоиҳо бояд аз хонум Блавасткая танҳо барои он миннатдор бошанд, ки вай ба онҳо донишу ҳикмат ва фалсафаи Шарқро овард, - навишта буд соли 1970 Курт Воннегут. - Агар ӯ фалсафаи Шарқро нодуруст фаҳмида ё онро ба таври худ шарҳ дода бошад ҳам, аз ин ба касе нисбат ба дигар таълимотҳо бештар зарар нарасидааст».
Таълимоти Блавасткая ба ҳаракати миллӣ-озодихоҳии Ҳинд таъсири мусбат дошт. Маҳатма Гандӣ гуфтааст, ки «Агар дастам ба як гӯшаи домони хонум Блавасткая мерасид, худро хушбахт меҳисобидам».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо