Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

нурҳои офтоб ба ҷило омаданд, ӯ гӯё чизе нашуда бошад, сабук аз бистар бархост. Ба саволи табибон гуфт, ки устодам ҳамин ҷо буд. Вай ду роҳро ба ман пешниҳод кард. Яке мурдан ва озод гаштан аз азобҳои зиндагӣ, дуюмӣ зистан ва ба охир расонидани «Таълимоти махфӣ». Ӯ таъкид намуд, ки дар пеш душвориҳо зиёданд, аммо ба хотири ояндаи одамон, ки ташнаи таълимоти мананд, азобу машаққатро пазируфтам. Ҳайрати табибон тасаввурнопазир буд.

Соли 1875 Блавасткая бо пайравонаш ҷамъияти ваҳдонияро бунёд гузошт, ки мақсадаш барҳам додани муноқишаҳои тамаддуни муосир, яъне илм ва дин, фаҳмиши материалистӣ ва рӯҳонии одамон буд. Ба Блаватская асарҳои зиёди фалсафиро нисбат медиҳанд. Аммо ӯ онҳоро рад кардааст. Олкотт ном пайраваш гуфтааст, ки Елена Петровна бо чор намуди ҳусни хат асарҳо менавишт. Баъзе шогирдон ва ҳамақидаҳояш дар рӯзномаҳо ӯро танқид карда, фиребгар ва қаллоб мехонданд. Яъне нисбат ба шахсият ва таълимоти Блаватская шӯру ғавғо зиёд буд.

Дар рафти яке аз чунин муноқишаҳо Елена бо нависандаи рус Всеволод Соловьёв, бародари файласуф Сергей Соловьёв, вомехӯрад. Бону бо ин ҷавонмард нисбатан ошкоро ҳарф мезад, зеро мехост ӯро ба ҷамъияташ ҷалб созад. «Барои он ки одамонро мутеъ созӣ, онҳоро фиреб додан лозим, - мегуфт. - Ман ким-кайҳо рӯҳияи одамонро кашф кардам ва аблаҳии онҳо гоҳо бароям лаззати беинтиҳо мебахшад. То ҳадде, ки таълимот одӣ, аблаҳона ва дағал аст, ҳамон андоза одамонро бештар мафтун месозад. Агар шумо имкони дидан медоштед, ки чи хел бо як ҳуштак кашиданам, мардони шердилу уқобчангол ба харони гӯшлақа табдил ёфта, зери оҳанги навохтаи ман ба рақс медароянд, ба сеҳри сухан қоил мегаштед».

Соловьёв Блаватскаяро «тасхиргари руҳ» номида, сахт танқид кард. Дар натиҷа филиали ҷамъияти ваҳдония дар Париж аз фаъолият бозмонд.

пешина
аз 424
навбатӣ