100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Боре, вақте ки ӯ аз болои асп афтод, бармало дастони касеро ҳис намуд, ки ҷисмашро дар ҳаво дошта, оҳиста ба замин гузошт, то ки зарби сахт нахӯрад.
Дар ҳаждаҳсолагӣ Лена ба ҷаноби Блаватский, шахси калонсоли қиёфааш бенур, ба шавҳар баромад. Мегӯянд, ки гӯё худи духтарак ба вай хостгор шудааст. Се моҳи баъди тӯй бо хархаша гузашт, зеро мард аз завҷааш иҷрои вазифаи маҳрамонаро мехосту зан бо тамоми қувва зиддият нишон медод. Бо мақсади халосӣ аз оғӯши шавҳар Блаватская ба Константинопол, Миср, сипас ба Афина рафт. Қисми зиёди кишварҳои Осиёи Сағир ва Африқои Шимолиро саёҳат намуд, забонҳои зиёдеро омӯхт, бо бодиянишинҳо ва ҷодугарони африқоӣ ҳамсӯҳбат шуд.
Соли 1851 бо Маҳатма Мория, пешвои мактаби фалсафаи махфии бародарони сафедпӯш, ки маконаш дайрҳои Тибет буд, вохӯрд. Пас аз бозгашт ба зодгоҳ Елена Петровна ба навиштани моҳияти таълимоти фалсафии худ пардохт. Блаватская чунин мепиндошт, ки инсоният баъди расидан ба қуллаи тамаддуни ҳозира, Ҳикмат, Донишмандии давраи наврасиашро гум мекунад, одамӣ, баъди он ки Парвардигор ба ӯ имконияти озодона амал намуданро медиҳад, ятим монда, чӣ кор карданашро намедонад. Албатта, ба ҳама маълум аст, ки инсон пас аз қадам гузоштан ба ҳаёти мустақилона ба мушовирон эҳтиёҷ дошт ва ҳоло ҳам дорад. Ана барои ҳамин вақт ба вақт Офаридгор ба дунёи мо бо мақсади ба одамон маърифат омӯзондан тарғибгарони худро мефиристад. Блаватская мепиндошт, ки ӯ яке аз мубаллиғон аст. Ва вазифааш ба мардум фаҳмонидани имкониятҳои онҳост. Елена Петровна борҳо таъкид намудааст, ки кадом як қувваи доною тавоно қаламашро рӯи варақҳо ҳаракат медиҳад ва ҳаёту мамоташ, тарзи зиндагиаш берун аз иродати ӯст. Вақте ки бемор мешуд, зуд сиҳат меёфт, гӯё маризӣ аз вай безор бошад, дар ҷисмаш зиёд намеистод. Боре сахт касал шуд. Табибон баъди муоина гуфтанд, ки дардаш илоҷнопазир аст. Шаб ба ҷон кандан даромад ва то субҳ ҳиррос мезад. Ҳамин ки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо