Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

муқаррарӣ бонувон нисбат ба мардҳо донотар бошанд, вале дар арши аълои донишҳои мавҳум (ғайриҳаётӣ, ғайривоқеӣ) онҳо базӯр бол мезананд, он ҳам дар сатҳи барномаи мактабӣ. Воқеан, ягона зане, ки дар ҷаҳон нотарсона ба қаъри баҳри пуртуғёни фалсафа ғӯтавар гашта, гавҳари мақсуд ба даст овард, Блаватская буд. Бале, ҳамин тур аст ва аммо он чизеро, ки Блаватская пайдо намудааст, пурра тадқиқоти фалсафӣ номидан душвор аст. Ин, пеш аз ҳама, илми симиё (оккультизм)-и бо дин омехтаю алоқаманд мебошад. Ба ҳамдиёрон танҳо ифтихор мемонад, ки аз як духтараки одию рус чунин шахсияти ҳайратангезона ғайримуқаррарӣ ба воя расидааст. Дар байни ниёгони Елена Петровна бисёр шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ буданд, ки дар Русия, Франсия ва Олмон аз худ нақши носутурдание гузоштаанд. Елена дар хонаи модаркалонаш, зани басо соҳибмаълумот, тарбият гирифт. Бибӣ бо бисёр табиатшиносони маъруф мукотиба дошт, яке аз онҳо ҳатто ба шарафи ӯ садафи ёфтаашро Venus-Fadeeff ном ниҳод. Ҳуҷраи корию сеҳрангези бибӣ тасаввуроти зиндаи Блаватскаяи хурдакакро ба хурӯш меовард. Дари пурасрорро кушода духтарак чизҳои аҷоибу ғароиб, ба монандӣ хӯсаи дарандаҳою парандаҳо ва гулҳои рангоранги дар деворҳо овезонро медид. Гоҳо болои хӯсаи моржи сиёҳ мебаромад ва дар фазои нимторик ба назараш чунин менамуд, ки ҳайвони обӣ ҷон дораду мечунбад. Ҷои тааҷҷуб нест, ки ана дар ҳамин макон, чи тавре ки худи Блаватская тасдиқ кардааст, бори нахуст устодаш – ҳиндуи саллаи сафедпӯш танҳо дар надаш зоҳир гаштааст.

Модараш ба адабиёт шуғл меварзид, ин касб барои бонувони миёнаҳои асри нуздаҳ маъмул набуд. Барои хонандагон бо тахаллуси Елизавета Р – ва асарҳо менавишт. Мунаққидон ва адабиётшиносон ӯро Жорж Санди рус меномиданд. Вақте ки Лена ёздаҳсола шуд, модари бисту ҳаштсолаш оламро падруд гуфт. Аз ҳамон вақт духтаракро «садо»-ҳо таъқиб мекарданд ва бо вай ҳар гуна воқеаҳои аҷоибу ғароиб рӯӣ медоданд.

пешина
аз 424
навбатӣ