100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ва қалам ба даст аз дунё рафт. Энн баъди якуним соли ин воқеа ҷаҳонро падруд гуфт.
Шарлотта романи «Шарлӣ»-ро, ки пеш аз марги бародараш оғоз намуда буд, ба охир расонд. Баъд романи «Виллет»-ро ба чоп супурд. Панҷ моҳ пеш аз вафоташ Шарлотта ба шавҳар баромад. Акнун ба ҳаёти оилавӣ одат карда буд, ки бемор шуд ва дигар аз бистар барнахест. Шарлотта баъди вафоти Энн шаш сол зист, пас аз гузашти шаш сол аз марги духтари охиринаш Патрик Бронте ҳам аз олам чашм пӯшид. Муҷиби тааҷҷуб аст, ки аз шаш фарзанди Бронте ворисе ба дунё наомад. Вале ба шарофати асарҳои хоҳарон аз хона-музейи Бронтеҳо қадами одамон канда нест ва асрори маҳалли Хауорте то ба имрӯз ақлҳоро ба худ мекашад.
Елена Петровна
Блаватская
(Солҳои зиндагиаш
1831–1891)
Адибаи рус, аҳли ваҳдония (теософ). Дар сарзамини Тибет ва Ҳиндустон ҳангоми сайру саёҳат фалсафаи буддизмро омӯхтааст.
Дар зери таъсири фалсафаи ҳинд соли 1875 дар Ню-Йорк Ҷамъияти ваҳдонияро бунёд гузоштааст.
Фалсафа, кори сангини беихтиёронаи зеҳнӣ, яке аз пӯшидатарин соҳаҳои фаъолият барои занон аст. Шояд дар зиндагии

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо