100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
балки аланга гирифт. Менавишт ва ҳам чакидаи хоҳаронашро мехонд. Тирамоҳи соли 1845 вай ба хоҳаранаш гуфт, ки биёед шеърҳоямонро ба чоп месупорем, вале бо номҳои мустаори мардона. Зеро, ба қавли шоир Саутӣ, «Адабиёт кори занон» набуд.
Моҳи майи соли 1846 маҷмӯаи шеърҳои хоҳарон Шарлотта, Эмилӣ ва Энни зери унвони «Шеърҳои Керрер. Эллис ва Эктон Бэллҳо» аз чоп баромад. Эҷодиёти «бародарон» гарм пазируфта шуд, ҳатто тақризҳо ба табъ расиданд.
Комёбӣ болу пар бахшид. Шарлотта насри «бародарон Белл»-ро ба чоп омода гардонд. Худи ӯ романи «Омӯзгор»-ро навишт, ки таърихи ишқи нокомашро дар бар мегирифт. Эмилӣ «Ағбаи раъду барқ», Энн «Агнес Грей»-ро ба маҷмӯа дохил карданд. Ноширон «Омӯзгор»-ро рад намуда, чопи «Ағбаи раъду барқ» ва «Агнес Грей»-ро пазируфтанд. Ба ҳукми мунаққидон то «бародарон Белл»-ҳо ягон нависанда ба тасвири ҳақиқии ҳаёти одам, инсони заҳматпеша, ҷанговари одӣ, ошиқи аламзада, маъшуқаи аз сӯзи сина «оҳ аз дили пурдард кашида» муваффақ нагашта буд. Романи Эмилӣ «Ағбаи раъду барқ»-ро классики адабиёти англис С. Моэм дар оғози асри ХХ ба қатори даҳ асари беҳтарини адабиёти ҷаҳон дохил кард.
Шарлотта аз комёбии хоҳаронаш илҳом гирифта, дар як муддати кӯтоҳ романи «Ҷейн Эйр»-ро ба дунё овард, ки 16 октябри соли 1847 чоп шуд. Ин асаре буд, ки дар байни нависандагон, мунаққидон ва хонандагон инқилобе ба вуҷуд овард. Аз байн зиёда аз 150 сол гузаштааст, вале ҳоло ҳам «Ҷейн Эйр» дили ошиқонро ба тапиш меорад.
Баъди чунин шӯҳрат ёфтани «бародарон» овоза шуд, ки гӯё чопи минбаъдаи се роман ва асарҳои алҳол нашрнашудаи Беллҳо дар Амрико сурат мегирифтааст. Ношир Ҷорҷ Смит аз ин ба ташвиш афтода бо муаллифон вохӯрд. Ҳамин тавр сирри хоҳарон фош шуд.
Моҳи сентябри соли 1848 Брэнуэлл аз ҷунуни хамр мурд. Субҳи 18 декабри соли 1848 Эмилӣ ҳашт сатр шеър навишт

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо