100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
намуд. Шарлотта он рӯзҳо дар рӯзномааш навишта буд: «Кам одамон бовар хоҳанд кард, ки дунёи хаёлӣ ҳам метавонад хурсандии зиёд оварад».
Патрик Бронте аз ояндаи духтарон ва писари ягонааш Брэнуэлл дар ташвиш буд. Бо азобе онҳоро ба мактаб ҷой намуд. Эмилӣ натавонист таҳсилро идома бахшад. Энн соли 1838 ихтисоси мураббияро соҳиб гашт. Вале онҳо натавонистанд дар оилаҳои боён тарбиятгари ашрофзодаҳо шаванд. Тақдири талх Брэнуэллро ба комаш кашид. Вай, ки табиатан рассом ва нависандаи соҳибистеъдод буд, баъди изҳори муҳаббат ба хонум Робинсон аз хонаи ӯ ронда шуд. Аз ин баъд аламашро аз шароб мегирифт ва ба дарди майхорагӣ афтод ва аз ин маризӣ аз ақл бегона гашт.
Умуман дар зиндагии шахсӣ ҳамаи узви оилаи Бронте заҳри нокомӣ чашид. Коми Эмилӣ боре ҳам аз шаҳди муҳаббат ширин нашуд. Ҳатто падид омадани рӯҳонии ҷавон Уилям Уейтмен ба тори ҳиссияти Эмилӣ нохун назад. Аммо Энн ва Шарлотта тайёр буданд, ки ишқи Уилямро бипазиранд. Вале ӯ номзад доштааст ва аз хоҳарон якеро ҳам интихоб накард. Ишқи Энн аввалин ва охирин буд. Тақдири рӯҳонии ҷавон низ тира будааст. Вай баъди ду соли синосоӣ бо хоҳарон фавтид.
Баҳори соли 1841 Шарлотта гӯё роҳи наҷотро аз фақру бенавоӣ ёфт. Ӯ гуфт, ки чаро хоҳарон Бронтеҳо мактаби хусусӣ накушоянд? Холаашон пас аз каме дудилагӣ розӣ шуд, ки барои оғози кор маблағ диҳад. Шарлотта ва Эмилӣ барои гирифтани таҷриба озими Белгия шуданд. Дар пансиони Эгерҳо Эмилӣ бо завқ мехонд. Шарлотта бошад ба ҷаноби Эгер дил бохт. Хонуми Эгер, ки соҳиби панҷ фарзанд буду ҳар рӯз аз шогирдон имтиҳон мегирифт, аз ишқи оламсӯзи Шарлотта нисбат ба шавҳараш воқиф гардид. Аммо чизе нагуфт, ба ақл, ба тадбири ҳамсараш бовар дошт. Пас аз вафоти холаашон Эмилӣ ва Шарлотта ба зодгоҳ баргаштанд. Ҷудоӣ, фироқ, дурӣ аз канори маҳбуби дил Шарлоттаро ба фиғон меовард. Вале ӯ аз сӯзи ишқ хокистар нашуд,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо