Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Кӣ ба духтаракон хондану навиштан ва ба дунёи орзуҳо фурӯ рафтан, бо қаҳрамонҳои бофта ҳамсӯҳбат гаштанро ёд додааст, то ҳанӯз номаълум аст. Танҳо ҳаминаш аён аст, ки то таваллуди кӯдакон Патрик Бронте ду маҷмӯаи шеърҳояшро ба нашр расонда буд. Пас аз аёлманд шудан, ӯ эҷоди шеърро ба гӯшаи хотир ҳам роҳ намедод. Акнун ба ҷои вай духтаронаш қалам ба даст гирифтанд, то ки дар фазои орзуҳо парвоз наму-да, дар рӯи сафҳа ба рағми рӯзҳои якрангу дилбазани хона ҳоди-саҳои ба назарашон ба вуқӯъ омадаро тасвир созанд.

Нахуст хоҳарон Шарлотта, Эмилӣ ва Энн ба эҷоди пйесаҳо даст заданд. Ин ҳангоми бо лӯхтакҳо аскарбозӣ кардан рух дод. Тахайюлоти кӯдакон барқвор амал намуд, нақшҳо зуд тақсим шуданд. Ба Шарлотта лӯхтак — сарбози аз ҳама зебову болоба-ланд расид ва ӯ онро Ҳерсог Веллингтон ном ниҳод. Ҷанговари Эмилӣ Ҷиддӣ лақаб гирифт. Ба Энн лӯхтаки хурд насиб гардид бо унвони Навкар. Додарчаашон Брэнуэлл «сарбоз»-ашро Бонапарт мегуфт. Намоишномаи «Ҷавонон» дар муҳити хона як моҳ дар саҳна буд ва матни охиринро дар дафтари алоҳида сабт карданд. Бо ҳамин вай аз ёдҳо рафт. Духтаракон ба эҷоди дигар бозӣ машғул гаштанд.

Боре дар шаби пуртӯфони моҳи декабр хизматгори куҳансол Таббӣ нагузошт, ки бачаҳо шамъ афрӯзанд. Сукути тӯлонӣро Брэнуэлл танбалона шикаст: «Намедонам, бо чӣ машғул шавам?». Эмилӣ ва Энн низ бо ӯ ёр гаштанд. Кампир маслиҳатомез гуфт, ки хоб раванд. Магар кӯдакон дар ин синну сол ба ҷои бозӣ хобро авзал медонанд? Албатта, не. Аз вазъият Шарлотtai нӯҳсола, ки пас аз вафоти апаҳояш аз ҳама калон ба ҳисоб мерафт, роҳи халосӣ ёфт: «Чаро ҳар яки мо соҳиби ҷазира набошем?» - гуфт ӯ. Ҳама бо шавку завқ саргарми бозӣ шуданд. Ва баъди чанд вақт дар дафтари алоҳидае нақшҳо ва тасвири муборизаи тезу тунди байни «сокинони ҷазираҳо» падид омаданд. Андармонӣ бо драмаҳо оҳиста-оҳиста хоҳаронро ба дунёи махсус, ки маҳсули тахайюлоти худашон буд, ҷалб

пешина
аз 424
навбатӣ