100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Ва аҷибаш дар он аст, ки дар оилаи Патрик боз ду духтар ва як писар таваллуд шуданд, аммо онҳо низ аз худ меросбар нагузоштанд. Гӯё қувваҳои осмонӣ ба барҳам хӯрдани авлоди Бронте тасмим гирифта бошанд. Ҳам мунаққидони асарҳои хоҳарон ва ҳам таҳқиқгарони асрори хонадони Бронте дар тӯли зиёда аз сад сол ҷиҳое нанавиштанд. Аз чашми онҳо чизе пинҳон намонд. Вале асрор ҳамоно пӯшидааст.
Хонаи кӯҳнаи Патрик Бронте дар Хауорте ба мисли саду панҷоҳ сол пеш истодааст. Ҳоло вай хона-музейи хоҳарон мебошад. Дар пушти бино қабристонест. Катибаи рӯи қабрҳо аз номи соҳибхона Мария Бронте оғоз меёбад. Духтари калонӣ ҳафт сол дошту хурдӣ ҳафт моҳ, вақте ки модар бо азоби зиёд ҷон ба ҷонофарин таслим намуд. Тарбияи кӯдакон ба зиммаи холаашон афтод. Патрик умуман ба меросхӯронаш аҳамият намедод, танҳо меҳӯрду танҳо ба ваъз гуфтан омода мегашт.
Вақте ки аз танҳоӣ дилаш бухс мекард, камон мегирифту ба ҳаво тир аз паи тир меандохт. Кӯдакон чӣ меҳӯранд, чӣ мепӯшанд ва чӣ гуна сабақ мегиранд, ба хаёлаш намеомад. Танҳо соли 1824 падар Мария, Элизабет, Шарлотта ва Эмилиро ба хондан ба пансиони шахсии Коуэн-Бриҷ фиристод. Духтарон дар ин ҷо ба азоби алим рӯ ба рӯ шуданд. Муносибати бераҳмона, сардию гуруснагӣ онҳоро аз пой афтонданд. Аввал Мария аз бемории сил мурд. Директори пансион мистер Уилсон гуфт, ки касе дар кӯдакӣ фавтад, аҳли биҳишт аст, зеро гуноҳ надорад. Баъди чанд ҳафта Элизабет низ аз олам чашм пӯшид.
Пас аз бозгашт аз пансион зиндагӣ дар доманаи Хауорт барои Шарлотта ва Эмилӣ бӯстонро демонд. Ба ҳар ҳол дар ин ҷо касе ба ҳаёти онҳо халал ворид намекард, чашми ҳамабини мураббиён низ набуд. На падар ва на холаашон ба дунёи ботинии онҳо ва тарзи зиндагиашон коре доштанд. Онҳо дар бофтани ҳар гуна бозиҳо, ҳаёти афсонавии худ, дугонаҳои ғайбона, ишқварзиҳои хаёлӣ, воқеаҳои сохта озод буданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо