Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

аз маргаш «Ёддоштҳо»-яшро навишт барои аҳли оила ва пайвандонаш. Вале овозаи асар зуд паҳн гардид. Н.Некрасов барои чопаш мароқ зоҳир кард. Аммо писари Мария Михаил Волконский «Ёддоштҳо»-ро асари оилавӣ ҳисобида, танҳо як қисмашро барои Некрасов қироат намуд. «Ёддоштҳо» танҳо соли 1904 аз чоп баромад ва хонандагонро мафтун сохт.

Адибаҳои англис, хоҳарон, Шарлотта муаллифи романҳои «Ҷейн Эйр» ва «Шерлӣ», Эмилӣ эҷодгари романи «Ағбаи раъду барқ» ва маҷмӯи шеърҳо, Энн соҳиби романи «Агнес Грей» ва шеърҳо.

Ҳамин тавр ҳам шуданаш мумкин будааст, ки бо хости Парвардигор дар оилаи пастор (кашиши мазҳаби протестантӣ) Патрик Бронте паиҳам се духтарак ба дунё меояд ва ба қудрати офаридгор дар вуҷудашон ҷавҳари нависандагӣ ҷой мегирад ва ҳама бадбахт мешаванд, зеро аз атрофиён куллан фарқ доштанд, ҷисман заиф буданд ва фарзанде ба дунё наоварданд.

пешина
аз 424
навбатӣ