100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Сергей завҷаашро дар зиндони танг дида ба ҳайрат афтод ва худро ба сӯяш андохт, вале Мария зуд зону заду пеш аз ба оғӯш кашидани шавҳараш завлонаҳои пойҳои ӯро бӯсид.
Аз ин рафтор маънии зиндагии вай ва кулли занони замони ӯ хонда мешуд.
Ҷинси латиф дигар сояи шавҳари худ будан намехост, вай роҳи фаъолона ба ҷомеа таъсир расонданро пеш гирифт. Дере нагузашта занҳои ба Сибир омада аз ҳолати итоаткории бечунучаро баромада, баҳри риояи ҳуқуқи маҳбусон овоз баланд карданд. Боре Волконская дид, ки маҳбусон аз зиндон қариб урён мебароянд. Мария катон харида барои маҳбусон пироҳан дӯзонд. Сардори кон аз ин бохабар гардида, ҷанҷол бардошта «Шумо ба тақсим кардани курта ҳақ надоред, 5 ё 10 тин садақа диҳед, мешавад. Онҳо дар таъминоти ҳукуматанд», - гуфт. Волконская чунин посух бидод: «Ин тавр бошад, ҷаноб, онҳоро худатон пӯшонед, ман ба одами ӯрёнро дар кӯча дидан одат накардаам». Сардор мулзам шуду аз Мария узр хост.
Сибир он замон аз пасмондаҳои ҷомеа — дузду роҳзану қотилу зинокор лабрез буд. Вале ягон нафар ба Мария, ба ин бонуи латифандому беҳимоя, чашм напесонд.
Дар тӯли солҳо занони декабристҳо ба ном кумитаи ҷамъиятӣ созмон доданд, маблағ гирд меоварданд, беморонро табобат ва муҷаррадонро оиладор мекарданд, ба шоҳ мактуб
менавиштанд, ки маҳбусонро авф намояд. Соли 1829 аз пойтахт хабар омад, ки занҷири дасту пои зиндониён гирифта
мешавад. Ин муждаи аввалин буд. Аммо солҳо сипарӣ мешуданду дар ҳаёти сангини маҳбусон тағйироте ба амал намеомад. Мария гумон дошт, ки шоҳ баъди панҷ сол гунаҳқоронро
афв менамояд, аммо пас аз даҳ ва бист сол ҳам шоҳ калимаи
афвро ба забон наовард. Баъд аз 25 сол Волконская ба тақдир
тан дод, вале дар кадом шароите, ки набошад, мекӯшид, ки чун
зан-модар бимонад. Ва оқибат ба рӯи онҳо бахт хандид. Соли
1855 Мария бо шавҳару фарзандонаш аз Сибир баргашт. Пеш

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо