Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Князбону, духти генерал Н.Раевский, завҷаи декабрист С.Волконский, дӯсти А.С. Пушкин, ки дар васфаш шеър гуфтааст. Соли 1827 аз пайи шавҳари бадарғагаштааш ба Забайкале омад, муаллифи «Ёддоштҳо».

Насаби ашрофонаи шуҳратманди Волконскийҳо барои бисёриҳо маъруф буд, махсусан бонувоне, ки бо ин ном хонда мешуданд. Филфавр Зинаида Волконская, ки дар оғози асри XIX боргоҳи адабие дошту ба он ҷо Пушкин ва Баратинский низ меомаданд, ба ёд меояд. Вале, ба назари мо, намояндаи аз ҳама барӯманди ин хонавода Мария Николаевна ба ҳисоб меравад, ки ҳатто шуҳрати ӯ аз падараш Раевский, қаҳрамони ҷанги ватании соли 1812, ҳам пештоз буд.

Албатта, гап дар сари он нест, ки ӯ аз нахустинҳо шуда, аз пайи шавҳари декабристаш Сергей Волконский ба Сибир рафт. Ва дар ин ҳам нест, ки ӯро Пушкин мепарастид. Ҳамчунин дар он ҳам нест, ки вай дар хусуси бадарғашудагон ёддоштҳои олиҷаноб навиштааст. Шояд калиди муаммои шуҳрати ӯ дар суханони падараш бошад, ки гуфта буд: «Ман ба монанди ӯ зани олиҷанобро надидаам». Генерал Раевский дар таърифи шахс басо хасис буд ва ба ҳиссиёт дода намешуд. Ӯ духтарашро дар рӯҳияи ватандорӣ, некӣ кардан, бовичдонӣ,

пешина
аз 424
навбатӣ