100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Зимистони соли 1809 Надежда Дурова рухсатӣ гирифту назди падар омад. Мӯйсафед дар рӯбарӯяш гусари бебоку айёшеро медид. Хоҳарон ва занони хизматгор намедонистанд бо ӯ чӣ гуна муомила намоянд: апа гӯянд ё ака. Танҳо ягона додаракаш, орзую умеди хонадон Василий шод буд. Кулоҳи гусариро ба сар мемонду механдид.
Соли 1812 барои Надежда таърихӣ ва боиси ифтихор буд. Ӯ худро ба лашкаркаши бузурги афсонавӣ Кутузов ба вазифаи ординаретсӣ пешниҳод кард. Сарлашкари куҳансол аввал аз густохии поручики ношинос ба ҳайрат афтод, аммо баъд ба ҳар ҳол розӣ шуд. Ин бонуи мардсифату мардафкан дар муҳорибаи таърихии Бородино ҷонбозиҳо кард, аз пояш захм бардошт. Баъди табобат боз ба иҷрои ҳар супориш омода меистод. Вале баъдтар захми пой нагузошт, ки хизмати ҳарбиро идома бахшад. Ин барои шахсе, ки табиаташ ҷинси барояш атошударо рад менамуд, зарбаи мудҳиш гардид.
Вай ба хона баргашт ва қариб 20 сол дар борааш касе чизе нашунид. Вале таърих ҳодисаҳои фавқулоддаро меписандад. Соли 1829 Пушкин ҳангоми бозгашт аз Арзрум дар Қафқоз бо Василий Дуров шинос шуд. Пас аз шаш сол Александр Сергеевич аз Сарапул мактуб гирифт, ки дар он шиноси қафқозиаш хоҳиш менамуд, ки нависанда ба апаи ӯ ва ҳамчунин ба Александр Андреевич Александров (акнун бо ҳамин ному насаб мезист Надежда Дурова) дар чопи ёддоштҳояш ёрӣ расонад. Пушкин, ки дӯстдори ҳангомаҳо буд, розӣ мешавад. Надежда Дурова ба Петербург меояд, хонумҳои олимақом бо ҳайрат сӯяш менигаранд, вале ҷуръати ҳамсӯҳбат шудан намекунанд. Агар марде мехост дасти Надеждаро бибӯсад, вай дағалона ба ин монеъ мегашт. Пушкин аз ин ҳолат хиҷолат кашида, ташрифи меҳмонро кӯтоҳ намуд. Вале «Ёддоштҳо» писандаш омад.
Дурова аз Петербург ғамгин баргашт, вай ба касе писанд нашуд, нафаре ҳам ӯро нафаҳмид, танҳо буд, танҳо монд. «Ёддоштҳо» ба дасти хонандаҳо расид, вале ин барояш шодие наовард. Тақдир бароиш зиндагии дурударозро лоиқ донист, гӯё ҳаёти ду нафарро.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо