Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҷӯё нашуд. Падари мушфиқу ғамхор ба духтари раҳгумзадааш асп бахшид ва бароиш сару либоси саворагонро дарёфт намуд. Тобистони соли 1806 Надежда мӯйҳои дарозашро бурид, либоси ҳарбии казакӣ пӯшид, кулоҳи болобаланд ба сар гузошту аз хонаи волидайн рафт. Бо номи Александр Соколов дар як дастаи хурди ҳарбии казакҳо ба қайд истод. Бо Наполеон дар Пруссия ҷанг оғоз ёфт ва ҳар як сарбоз қимати тиллоро дошт. Аз ин рӯ аз аскарони нав касе ҳуҷҷат намепурсид. Пас аз як сол Дурова дар муҳорибаи Гутштадт бӯи борут шамид. Ба ӯ омад мекард, ба ҷисмаш на тир мерасиду на сарнайзаи камон мехалид, ҳарчанд дар ҷойҳои пурхатар асп медавонд. Оре, ба худ тасаввур намудан душвор аст, ки чӣ тавр зан дар шароити душвори ҳаёти аскарӣ худро аз чашми ғайр эҳтиёт кардааст. Вақте ки зарурати қазои ҳоҷат мерасид ё шустушӯйи бадан пеш меомад, касе аз саворагон дар дил ба зан будани ӯ шубҳае роҳ намедод.

Дар ин муддат модари Надежда аз дунё реҳлат намуд ва падари дар байни фарзандҳои зиёд сарукалобагумкарда аз бародараш, ки дар Петербург мезист, хоҳиш намуд, ки дар ҷустуҷӯи духтари калонӣ ёрӣ расонад. Вай ҳам бе ягон истиҳола ба худи шоҳ Николай арзи бародарашро иброз дошт. Бо супориши шоҳ «духтараки савора», ки бо номи Соколов дар хизмати ҳарбӣ буд, зуд дарёфт гардид. Николай хоҳиши бо ӯ сӯҳбат кардан намуд. Гуфтугузори онҳо бо чӣ анҷомид, то ҳол номаълум мондааст. Шоҳ фармон дод, ки сирри сарбоз пинҳон монад ва ӯ ҳамчун корнет (унвони хурдтарини афсарӣ) ба полки Мариуполск, ки яке аз қисмҳои ҳарбии беҳтарин буд, барои идомаи хизмат фиристода шавад. Шароити ин ҷо хеле беҳтар буд, аммо Надежда рӯбарӯи мушкилиҳои зиёде гашт. Афсарҳо фориғ аз хизмат бо хонумҳо ишқ меварзиданд, бонуҳои бисёре бо нозу адо дар гирди корнет Соколов парвона мешуданд, аммо ӯ намедонист бо кадом баҳона онҳоро аз худ дур созад. Вай хуб мерақсид, духтаракҳоро танг ба оғӯш мекашид ва ҳамин гуна бо як чолокӣ аз ишқи ҳамбистарӣ мегурехт.

пешина
аз 424
навбатӣ