100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Падараш Андрей Василевич, сардори эскадрони гусарҳо, шахси камбағал, одӣ ва накӯкор буд. Вақте ки дар губернияи Полтава дам мегирифтанд, ба духтари заминдор ошиқ шуд. Вале бой ба издивоҷи онҳо розӣ надод. Ҷавонон шабе гурехтанд. Ҳамин тавр зиндагии ба оворагардӣ монандашон оғоз ёфт. Пас аз як сол Надежда ба дунё омад. Модар орзуи писар дошт. Аз ин рӯ ба духтараки ғуллимӯй нигоҳ ҳам накард. Баъди хоҳиши зиёди хоҳарони шафқат пистон ба даҳони тифл гузошт. Аммо, бо сабаби ноаёне Надежда шир намехӯрд, модар низ ҳайрон буд ва бо хоҳари шафқат андармони сӯҳбат гардид. Ин вақт тифл пистонро чунон фучид, ки фиғони модар баромаду кӯдакро ба дасти доя партофт. Аҷаб қисмате. Дигар шири модар нахӯрд. Ӯро ҳар рӯзу бегоҳ занҳои тамоман ношинос шир медоданд. Вақте ки Надежда роҳгардак шуд, падар ӯро ба тарбияи Аҳмад ном гусари тотор супурд. Духтараки тамоман аз меҳру муҳаббати модар маҳрум дар рӯи зин калон мешуд, рӯзи дароз бо тиру камон, шамшербозӣ, аспдавонӣ машғул буд.
Пас аз таваллуди боз ду духтар Андрей Дуров аз зиндагии ҳарбӣ даст кашида, раисии шаҳраки Сарапулро барои худ даводав карда гирифт. Ҳаёти муқаррарии дилбазан оғоз ёфт. Ҳар сол барои Дуров завҷааш як тифл мезоид. Модар ба Надежда иҷрои корҳои рӯзгорро мефармуд. Аммо ӯ ба шуғли занона ҳеҷ гардан намефуровард. Мехост ба дарахтҳои баланду бузург барояд, аз бом ба поён ҷаҳад, савори асп аз баландиву пастиҳо бо суръати шамол «парвоз» намояд.
Вақте ки ба синни ҳабдаҳ расид, домодҳо ҳам пайдо шуданд. Вале ӯ ба ҷинси мард майл надошт. Чунон ҳангомаҳое хестанд, ки аз шуниданашон кас гиребони ҳайрат медошт. Ахиран, бо зориву илтиҷои падар Надежда бо мушовири суд Чернов издивоҷ намуд. Зимистони соли 1803 писараке зод, ки Иван ном гузоштанд. Аммо баъд ӯ рӯзи шавҳарашро сиёҳ кард, ҳеҷ ба корҳои занона даст намезад ва оқибат танҳо ба хонаи падар баргашт. Чернов оҳи сабук кашид ва боре ҳам завҷаашро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо