Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ба мисли ҳамсолони ҷавон Жермен низ ба асарҳои Руссо завқ дошт. Ҳоло тасаввур намудан душвор аст, ки аз чӣ ин қадар хонандагони «Юлия ё Элоизаи нав» ба ҳаяҷон меомаданду аз тақдири ишқи зиёии муфлис Сен-Пре ба ашрофзан Юлия ба риққат омада, ашки ҳасрат мерехтанд. Волмир, шавҳари Юлия, ки ба ақлу иффати завҷааш мутмаин буд, ба онҳо иҷозат медод, ки бо ҳам дар сӯҳбат бошанд. Жермен низ ба қатори дӯстдорони Руссо афтод. Лекин ӯ аз зумраи онҳое набуд, ки танҳо аз ишқи нокоми қаҳрамонҳо афсӯс мехӯранд. «Шартномаи ҷамъиятӣ», ки онро Руссо тарғиб мекард, барои Жермен Китоби Муқаддаси сиёсӣ гашт. Духтарак дорои ақли қобили таҳлил буд. Аз ин рӯ вай дар «Элоизаи нав» танҳо достони ишқро намедид. Руссо бо эҷодиёташ ба рушди андешаҳои Жермен такон бахшид. Дар бисту дусолагиаш ӯ рисолаи «Андешаҳо дар атрофи асарҳо ва хислатҳои Ж. Руссо»-ро навишт, ки мулоҳизаҳои шахсиаш хеле ҷолиб буданд.

Вале набояд чунин пиндошт, ки Жермени бо ақлу заковат, аз малоҳати занона бенасиб буд. Баракс, ӯро зиёд дӯст медоштанд. Сафири швед Эрик Магнус де Стал Голстейн ба духти Неккер хостгор шуд, баъди тӯй Луиза фаҳмид, ки сафир на мафтуни ӯ, балки ошиқи боигарии падараш будааст. Барои халосии худ аз зарбаҳои зиндагӣ Жермен ба баҳри адабиёт фурӯ рафт. Ба мисли модараш боргоҳи маърифат созмон дод ва ҳар бегоҳ зиёиён он ҷо ҷамъ омада, маҳфили баҳсу мунозира меоростанд.

Инқилоби соли 1789-ро де Стал бо рӯҳи болида истиқбол гирифт. Аҳли боргоҳи маърифат вожгун гаштани Бастилияро бо кафкӯбӣ маъқул донист. Падари Жерменро, ки шоҳ ду маротиба аз вазифа сабукдӯш карда буд, ҳукумати нав ба кор даъват намуд. Жермен низ ба онҳо ёрӣ мерасонд. Лекин террори хунину мудҳиш, ки аз бераҳмию сангдилии инқилобгарон дарак медод, ба қалби нависанда фишор меовард ва ӯ бо ин сабаб ба мудофиа гузашт. Завҷаи сафир буданаш имкон дод, ки бисёр дӯстону шиносҳояшро аз дами табари ҷаллоб наҷот бахшад.

пешина
аз 424
навбатӣ