Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Баъди сипарӣ гаштани чанд сол ситораи Наполеон дар осмони сиёсату ҳарб ба дурахш омад. Жермен ба ваҷд мео- мад аз ғалабаҳои нахустини генерал Бонапарт. Вай номаҳо на- вишта ба Наполеон хурсандиашро иброз медошт. Ва ҳам де Стал яке аз аввалинҳо шуда пай бурд, ки Бонапарт босуръат ба сӯи диктатура асп меронад. Адиба мушоҳидаҳояшро пинҳ- он надошт, ниҳоди озодипарастиаш бар саргармии занона ғолиб омад. Ва Бонапарти қасосгир инро то зинда буданаш на- бахшид. Ба Жермен Наполеон як ҳисси бадбинии ғайритабиӣ дошт. Зеро Луиза бо ақлу тадбир буду ба ҳар гуна амру фар- монҳои зиддиинсонӣ сар намефуровард. «Итоати бечуну чаро ва мутеи иродаи генерал Бонапарт будан сифати беҳтарин ҳисобида мешуд, ки бе он занон барои вай вуҷуд надоштанд», - навиштааст Е. Тарле дар «Наполеон» ном китобаш.

Аммо мардоне ҳам пайдо шуданд, ки дар симои адиба иде- али худро диданд. Дар соли 1794 Жермен бо Бенжамен Кон- стан, сиёсатмадори шинохта ва донандаи адабиёти ҳамон давр, шинос гардид. Он вақт адиба қариб сисола буд. Чеҳраи зебо ҳам надошт. Вале чашмони сиёҳи зебандааш қалби ҳар мард- ро ба ларза меоварданд. Бонуи боирода, ҷӯянда, босалобат Констанро ба доми ишқ кашид. Дар рӯзномааш ӯ чунин ёддошт намуд: «Дар умрам мисли Жермен зани оқила ва дар айни за- мон мутеъсозандаро надидаам». Жермен аз шавҳараш хати талоқ мегираду бо Констан издивоҷ менамояд, вале насаби де Сталро нигоҳ медорад. Зиндагии онҳо тавре сурат мегирад, ки Констан ба дод меояду мегӯяд: «Эй Худо! Моро аз ҳам озод намо!»

Оре. Бо заноне ба мисли Жермен издивоҷ намекунанд. Констан низ инро фаҳмид ва аз ӯ ҷудо шуда, бо Шарлоттаи олмонӣ ақди никоҳ баст. Лекин ёди Жерменро натавонист ба боди фаромӯшӣ биспорад. Ва дар ин байни муноқишаи Жермен бо Наполеон ба ҳадди ниҳоӣ расид. Моҳи январи соли 1800 Констан суханроние намуда, сиёсати Бонапартро зери танқиди

пешина
аз 424
навбатӣ