100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
замина фароҳам овард, асарҳои ӯ нақши гузариш аз маърифатпарварӣ ба романтизмро бозиданд. Занеро дарёфтан душвор аст, ки дар оғози асри XIX дар Аврупо монандӣ вай ангуштнамо бошад, мардони маъруфтарин мутолиаи китобҳои ӯро барои худ боиси ифтихор меҳисобиданд. Гёте, Шиллер, Шамиссо, бародарон Шлегелҳо ба маҳорати эҷодии де Стал баҳои хеле баланд додаанд. Байрон, ки ба нависандагии бонувон нобоварона, ҳатто шаккокона менигарист, дар ҳақи ӯ навиштааст: «Вай зани бузургест, дар соҳаи эҷоди асарҳои зеҳнӣ коре кардааст, ки тамоми бонувон дар якҷоягӣ наметавонанд аз уҳдааш бароянд, ӯ бояд мард ба дунё меомад». Луиза ба ғайри асарҳои драмавию романҳо инчунин памфлетҳои сиёсӣ менавишт, ки онҳо дар байни мардум шуҳрати зиёд доштанд.
Аммо лаёқати Жермен боз дар як соҳа хеле ҷолиб буд, ки имрӯз қариб аз ёдҳо фаромӯш шудааст. Банкири швейтсарӣ Неккер, падари ӯ, донандаи беҳамтои соҳаи молия ба ҳисоб мерафт. Людовики XVI барои наҷот додани иқтисодиёти Франция ба вазифаи вазирӣ ӯро се маротиба даъват кардааст. Мувофиқи вазъи иҷтимоии оилаи Неккерҳо бояд ба тарзи шаффоф ҳаёт ба сар мебурд, яъне онҳо бояд ҷои ҷамъиятие ба мисли боргоҳи маърифат медоштанд, ки одамони барӯманди маҳаллӣ ҷамъ омада, табодули афкор мекарданд доир ба ҳар як ҳодисаи муҳим. Луизаи наврас ҳангоми баҳсҳо дар курсии шафати модараш менишаст. Он вақтҳо ба ӯ иҷозати «даҳонкушоӣ» намедоданд, аммо бо даҳони воз шунидани суханони ашхоси оқилу доноро касе ба вай манъ накарда буд. Мунозираҳо оид ба сиёсат, дин, адабиёт ва махсусан сӯҳбат бо падар бароиш мактаби бузурге шуданд.
Вақте ки соли 1781 вазири иқтисод Неккер ҳисоботи машҳури солонаи молиявиашро ба нашр расонд, вай, духтараки понздаҳсола, ба падар мактуби беимзо фиристода, мулоҳизаҳои танқидии худро нисбати он баён кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо