100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ва бо худ гирифт, зеро он ғанимати вай буд. Ӯро ба аробаи ифлос шинонида дар кӯчаҳои Париж чарх занонданд. Аз тӯдаи одамон борони масхара ва дашном мерехту садоҳои пурғулгула гӯши атрофиёнро ба қиём меоварданд.
Қатлгоҳ дар наздикии қасри Тюилрӣ, дар майдони Инқилоб сохта шуда буд. Вақте ки Мария-Антуанеттаро назди кундаи сарбурӣ оварданд, ӯ нохост пойи ҷаллодро пахш намуду филфавр ба забон овард: «Мебахшед, ҷаноб, қасдан накардам». Ин буд суханони охирини шоҳбонуи Франция.
Луиза Жермен
де Стал
(Солҳои зиндагиаш
1766-1817)
Адибаи фаронсавӣ. Муаллифи романҳои «Делфина» (1802) ва «Коринна ё Итолиё!» (1807), китоби «Дар бораи адабиёт...» (1800) ва «Дар бораи Олмон» (1810).
То Жермен де Стал дар таърих чунин нақши муассирро, ки
тақдир ба дӯши ӯ вогузор кард, ягон зан набозидааст. Вай
шоҳбону, император набуд, ки ба шарофати насабаш ба одамон ҳукм ронад. Ӯ тавонист мақоми баландтареро соҳиб шавад – тавассути истеъдоду заҳмат ҳукмдори рӯҳи як насли
том, ки Инқилоби бузурги Францияро паси сар намуданд, гардид. Жермен де Стал дар Франция барои ошӯби романтикӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо