Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

хабар расида, ки франсузҳои одӣ нони хӯрдани надоранд. Малика гуфтааст: «Ин тавр бошад, бигузор торту пирожнӣ хӯранд».

Ҳамин тавр 14 июли соли 1789 ҷаҳони ором аз воқеаҳои хунини Париж ба ларза омад. Малика ба мисли дигар ашрофу дарбориён нагурехт, дар бари шоҳ истод. Тӯдаи одамони аз зулму ситами дороён ба дод омада, 5 октябр Версалро фатҳ намуда, шоҳу малика ва фарзандони онҳоро ба қабс гирифт. 20 июни соли 1791 асирон кӯшиши фирор намуданд, аммо он бенатиҷа анҷом пазируфт.

Людовики XVI ҳеҷ тасаввур карда наметавонист, ки ӯро фуқарояш аз тахт маҳрум месозад. Моҳи январи соли 1793 муҳокимаи судӣ оғоз ёфт ва бо ҳукми он шоҳ на танҳо аз тахт, балки аз сар ҳам маҳрум шуд. Пеш аз қатл Людовик ду соати охирини ҳаёташро бо аҳли оила якҷоя гузаронд ва ончунон меҳрубоние дид, ки якумр аз он бебаҳра буд. Мария-Антуанетта ҳамон заб мижа ба ҳам назад. Вақте ки субҳидам садои зангӯла дар фазои Париж танин андохт, Малика фаҳмид, ки шоҳ дигар дар қайди ҳаёт нест.

Пас аз қатли шавҳараш Мария-Антуанетта ҳаёти маҳбусӣ мебурд. Боре шабона се нафар мард барои писарчааш омад. Модар ба сони шер ғурриду фарзандро ба синаи меҳр пахш кард. Аммо магар метавонист зани муштипар ба се тан муқовимат намояд. Ӯ танҳо монд. Рӯзҳою шабҳо муттасил сипарӣ мешуданд. Иродаи Мария-Антуанеттаро зиндон нашикаст. Вай тавонист бо муҳоҷирони франсуз робита барқарор созад. Вале таҳти фишори афкори умум суд 16 октябри соли 1793 ба қатли Мария-Антуанетта ҳукм баровард.

Дар рӯзи қатл Мария-Антуанетта барвақт аз ҷойгаҳ бархост, соат надошт, ки вақтро муайян намояд. Бо ёрии хизматгор пироҳани сафед пӯшид, хост мӯйҳои дарози хурмоирангашро шона занад. Аммо ҷаллод ба як каҳонаи маҳбас воридгашта ба ин монеъ шуд. Ҷаллод мӯи сари шоҳбонуро пурра тарошид

пешина
аз 424
навбатӣ