100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Вале фоҷиа зуд фаромӯш гардид. Мария-Антуанетта ҷавонони зиёдеро гирд оварду шабҳоро бо хандаву бозӣ, рақсу суруд сипарӣ менамуд. Шавҳараш, ки басо шармгин буду дар назди завҷааш даступо мехӯрд, худро аз ин дилхушиҳо канор мегирифт.
Дар соли 1774 Людовики XV аз бемории нағзак фавтид. Ҷуфти ҷавон соҳиби қудрати азиме гардид, аммо зиндагии онҳо тағйир наёфт, бо маҷрои кӯҳна ҷорӣ мешуд. Шоҳи нав ҳамоно пурхӯр буд, дар курсии паси мизи таом хобаш мебурд ва гоҳе, ки аз ғанаб мебаромад, дар китоби ёддоштҳояш менавишт: «Имрӯз воқеае рӯй надод».
Мария-Антуанетта бошад бо аҷобати кирдораш ҳамаро ба ҳайрат меовард: аз либосҳои бокарруфар даст кашиду пироҳани оддии деҳотӣ ба бар кард. Занҳо аз мӯди нав ба ваҷд меомаданд.
Дар синни 23 Мария-Антуанетта модар шуд ва дар шаш соли минбаъда боз чор маротиба фарзанд ба дунё овард, ки аз онҳо танҳо Мария-Терезия ва валиаҳд Людовик зинда монданд. Шоҳбону кӯдаконашро басо дӯст медошт, аз онҳо чизеро дареғ намедид. Хазинаи давлатро малика барои дӯстон, фарзандон ва айшу ишрат, шабнишиниҳо, сайру саёҳатҳо беҳисоб сарф мекард. Вақте ки муҳосибон кам намудани кисахарҷии шоҳбонуро ба миён гузоштанд, Мария-Антуанетта аз вазифа сабукдӯш гаштани онҳоро ноил гардид.
Дарбор гӯё ҳамин гуна ором мезист. Аммо тӯфони инқилоб наздик мерасид. Таърихнигорон сабабҳои зиёди сар задани инқилоби бузурги Францияро номбар кардаанд. Мо бенавоии халқи оддии заҳматпеша ё бурҳонҳои файласуфонаи озодандешонро як тараф гузошта, танҳо далеле меорем. Людовики XVI хоҳиши соҳибкоронро дар хусуси кам кардани андоз ҳатто нашунид ва онро «беақлии маҳз» ҳисобид. Мардум аз шоҳу малика дилсард гашт. Дар ҳақи Мария-Антуанетта ҳар гуна латифаҳо мебофтанд, ки дар яке чунин омада: «Гӯё боре ба шоҳбону

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо