Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ва худро дар ҳолате, ки ҳазорон чашм ба сӯяш дӯхта мешуд, ором нигоҳ дошта метавонист. Бепарво, ҳамеша шӯху хандон ва эркаи хонадон буд. Вақте ки Мария Антуанеттаи понздаҳсо-ларо барои издивоҷ ба Франция гусел намуданд, вай мутмаин буд, ки ба шарофати малоҳати худ ҳамаро мафтуну шайдо, қалби ҷавононро пойбанд месозад ва бо ин кулли орзуҳояшро ҷомаи амал мепӯшонад.

Ана ҳамин тавр арӯсшавандаи бо пироҳани атлас ва ҷаво-ҳирот ороста хонаи падарро тарк кард, то ки дигар ҳеҷ гоҳ бар-гашта наояд. Дар сарҳад шоҳдухтарро гурӯҳи боҳашамат бо сарварии бобои шоҳзода, шоҳи Франция Людовики XV пешвоз гирифт. Мӯйсафед баъди дидани арӯси наберааш аз интихоби худ қонеъ гашт. Вале домод Мария –Антуанеттаро каме маъю-су ноумед намуд. Ҷавони лаванду аблаҳнамо дар дунё аз ҳама зиёд ба ғизоҳои гуногуни болаззат меҳр дошту алҳол аз кайфи-яти издивоҷ тамоман бехабар буд. Аммо бо ин сабаб магар Ма-рия –Антуанетта метавонист аз тахту тоҷи Франция даст ка-шад? Албатта не. Шоҳзода бошад тамоман ақли доштаашро ҳам баъди дидани арӯс ба боди фано бохту бо чашмони алағда дида аз чеҳраи шоҳдухтар намеканд. Солҳо сипарӣ мешаванд, лекин Людовик, ҳамон тавре ки дар дидори нахустин буд, аз завҷааш ба ваҷд меомаду аз хати кашидааш қадаме берун на-мемонд.

Тӯй 16 майи соли 1770 баргузор гашт. Қатори фойтунҳои ороёфта аз кӯчаҳои Париж мегузашт, шаҳрвандон бо шавку завқи зиёд ба арӯс аз Парвардигор бахту саодат металабиданд. Ҳар як духтараки парижӣ мехост дар ҷойи ӯ бошад. Вале фей-ерверки боҳашамат ба азо табдил ёфт. Одамон ба хуришҳои ройгони тӯёна чунон ҳамла оварданд, ки бисёр пиру барноҳо зери пойҳо монда маҷақ шуданд. Вақте ки барои шинохтан ҷаса-дҳои хунполоро дар майдон қатор гузоштанд, овозаҳои ваҳман-гезе паҳн гаштанд, ки нишонаи хунин ба ҷавонон бахт намео-рад. Ҳама аз ин ҳодиса фоли бад медид.

пешина
аз 424
навбатӣ