Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Шоҳбонуи Франция, завҷаи Людовики XVI аз соли 1770, духти императори Австрия. Дар авҷи инқилоби бузурги Франция ба қатл расонида шудааст.

Қурбонии аблаҳонаи бераҳмии одамон дар таърихи башар солҳо аз ёдҳо сутурда нагашта, гӯё муттасил моро аз корҳои беақлона ва хомиҳоямон ҳушдор медиҳад. Албатта, дар рафтори Мария – Антуанетта камбудиҳо ба назар мерасиданд, ки ӯро ба зери дами табари ҷаллод оварданд, аммо онҳо дар назди вазъияти басо муташанниҷи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии Франция ҳеҷ буданд. Танҳо тақдири талхи шоҳдухтар буд, ки ӯ ба ин кишвар чун арӯси бахтбаргашта қадам гузошт.

Мария – Антуанетта духтари хурдии император Мария – Терезия ва Франси 1, ҳукмдорони империяи Рими Муқаддас ба ҳисоб мерафт. Вақте ки ба синни даҳ мерасад, падараш империя ва ҳашт нафар фарзандро ба завҷааш гузошта, сафари охиратро пеш мегирад. Мария – Терезия зани басо доное буд.
Ӯ на танҳо кишварро оқилона идора менамуд, балки тавонист ояндаи фарзандонашро низ таъмин созад. Ҷуфти аз ҳама муносибро барои духтари хурдӣ ёфт. Мария – Антуанетта бо вориси тахти Франция Людовики XVI фотиҳа шуд.

Духтаракро ҳамчун маликаи оянда тарбия мекарданд. Чизеро, ки мехост, муҳайё менамуданд. Фармон доданро меомӯхт

пешина
аз 424
навбатӣ