100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Субҳи зимистони соли 1783 Дашкова аз риёзидони маъруф Леонард Эйлер хоҳиш кард, ки ӯро ба олимони мӯҳтарам муаррифӣ намояд.
Император дар интихоби худ хато накард. Дашкова бо маънои томаш ба академия нерӯи нав бахшид. Вай аз роҳбарӣ ба соҳаҳои илм даст кашид, онро ба ихтиёри олимон вогузошт. Вале лаҷоми корҳои хоҷагӣ, ноширӣ ва фаъолияти илмию маърифатиро сахт гирифт. Дар тӯли қариб 12 сол бинои нави академияро бунёд кард, матбааро эҳё намуд, барои экспедитсияҳои илмию тадқиқотӣ маблағ меёфт. Дашкова ба педагогика ва маориф диққати ҷиддӣ медод, ба ҷои ашхоси белаёқати доро ҷавонони нодори доноро ба корҳои илмӣ ҷалб месохт. «Дар академия барои кундзеҳнҳо ҷой нест», - мегуфт ӯ.
Бо ташаббуси Дашкова академия ба нашри куллиёти Ломоносов даст мезанад, чопи «Луғати Академияи Русия» - асари илмии оламшумули асри XVIII-ро ба роҳ мемонад, «Шарҳи замини Камчатка»-и профессори табиатшинос С. Крашенинников бори дуюм ба муштариён пешниҳод мегардад. Олимон оид ба риёзиёт, маъданшиносӣ, таърихи табиат бо маърӯзаҳо баромад мекарданд. Маҳз Дашкова қадри илму олимро дар ҷомеаи Русия ба дараҷаи баланд бардошт. Вай манфиати кишварашро ба назар гирифта манъ намуд, ки минбаъд аз кашфиётҳои илмӣ ба хориҷа хабар диҳанд. «Бигузор кашфиёт аввал дар Русия татбиқ гардад, асарҳо чоп шаванд, мамлакат манфиат бардорад», мегуфт ӯ қотеъона.
Баъди вафоти Екатеринаи II офтоби бахти Дашкова ғуруб кард. Шоҳ Павел ӯро ба мисли дигар ҳаммаслакони шоҳбонуи марҳум ба деҳаи дурдаст бадарға намуд. Соли 1807 ба Екатерина Романовна тақдир боз зарбаи мудҳише зад. Баъди чанд рӯзи беморӣ писараш фавтид. Ҳамин тавр дар танҳоӣ, муфлисӣ, бесарусомонӣ, дар байни каламушҳо, ки ҳамсӯҳбати ягонааш буданд, зани якзамон машҳури Аврупо, бонуи бомаърифаттарини даврони худ бо ҳаёт падруд гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ