100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Дар урфият мегӯянд, ки бало танҳо намеояд. Чанде баъд Дашкова шавҳари дӯстдоштаашро ба хок супурд. Ӯ он замон ҳамагӣ 22-сола буд. Пас аз шунидани марги падари фарзандонаш Дашкова понздаҳ рӯз дар ҳолати беҳушӣ хобид. Ба шарофати кӯдаконаш ба ҳаёт баргашт. Михаил оиларо дар вартаи қашшоқӣ монда буд. Барои кандани қарзҳои зиёди шавҳари раҳматиаш ба ӯ зарур омад, ки заминҳои меросиро фурӯшад.
Вай акнун танҳо барои ояндаи фарзандон мезист. Ба деҳа кӯчид, бисёр сарфакор буд. Заҳмати беандоза мекашид ва дар 27-солагӣ зани чилсоларо мемонд. Барои савод баровардан ва дониш андӯхтани писару духтараш – Павел ва Анастасия барномаи махсуси таълимӣ таҳия намуд ва аз рӯи он омӯзгорони англису профессорони шотландӣ ҳашт сол онҳоро сабақ доданд.
Ва тамоми ин муддат модар дар хориҷа ҳамроҳи фарзандон буд. Ӯ ба ворисонаш рақс, расмкашӣ, аспсаворӣ, шамшерзанӣ омӯзонд, барои ин корҳо маблағро дареғ намедошт.
Ягон олими педагог аз тарзи таълиму тарбияи Дашкова сари мӯе хато ёфта натавонистааст. Аммо тамасхури тақдирро бинед, ки фарзандони ӯ бекораву аблаҳ ба воя расиданд. «Гӯлу майзада», - мегӯяд баъдтар дар ҳақи Павел Дашков шоҳбону, модархонди таъмидиаш, Анастасия бошад моҷароҳое мехезонд, ки дар борааш дар ҳамаи маҳаллаҳои Петербург гап мезаданд. Вале Дашкова дар хориҷа ҳамчун зани оқилару доно ном баровард. Ӯро Дидро ва Адам Смит ба ҳузур пазируфта, аз сӯҳбаташ баҳра бардоштанд. Ҳатто Волтери солхӯрда, бемору фартутшуда, барои бо «модахирси шимолӣ» (Дашковаро дар хориҷа чунин ном мегирифтанд) вохӯрдан, вақт ҷудо кард.
Албатта, Екатеринаи II наметавонист ақидаи мутафаккирони Аврупо дар хусуси Екатерина Дашкова нодида гирад. Аз ин рӯ дар рафти як ҷашн ӯ ба собиқ дугонааш роҳбарии Академияи илмҳоро пешниҳод кард. Воқиа дар таърихи Русия бемислу гӯшношунид буд. То ҳол ва баъди он низ ягон зан дар ин вазифаи масъули давлатӣ набудааст. Ҳатто Аврупои озодандеш аз чунин тасмими шоҳбону ба ҳайрат омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ