Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

бомаърифат ангуштшумор буд. Вале баъди ба шавҳар баромадан ҳамаи инро Екатерина ба боди фаромӯшӣ супурд. Тамоми вуҷудашро ба шавҳараш бахшид ва ӯро ғамхору меҳрубон буд.

Солҳои аввали оилавӣ дар Маскав сипарӣ шуданд ва арӯс шиносоиашро бо дугонаи ҳамноми соҳибтоҷаш Екатерина ба хотир меовард. Онҳо бо ҳам зуд унс гирифтанд, зеро ҳар ду ҷаҳонбинии васеъ доштанд, дар мавзӯъҳои барои дигар занҳо «беаҳамият» соатҳо ҳарф мезаданд. Дугонааш гоҳо аз зулму ситами шавҳараш шикоят мекарду сар ба китфи Дашкова гузошта зор-зор мегирист. Аҷоиби кор боз дар он буд, ки маъшуқаи Пётрӣ III хоҳари Дашкова Елизавета Воронцова буд. Аммо ин ҳолат ҳам ба дӯстии ду Екатеринаи «бузург» ва «кӯчак» халал ворид намекард. Вале баъдтар, вақте ки Екатеринаи II ба тахт нишаст, дигар намехост дар дарбор ду зани оқилу доно бошад ва ҳам шоҳбону сӯҳбатҳои занонаи гузаштаро зудтар фаромӯш карданӣ буд. Аз ин рӯ, Дашковаро танҳо ба рақсу бозиҳои дарбор даъват менамуду халос. Ин ба ӯ маъқул набуд. Мехост бо шавҳари дӯстдоштааш бошад. Аммо Михаил Дашков зуд ба ҳаёти фосиқонаи дарбор мутобиқ гашт.

Дар ёддоштҳои Дашкова ибораҳое ҳастанд, ки бисёр чизҳоро ба мо равшан месозанд. Князбону дар ҷое сабт намудааст, ки ду ҳодисаи нохуш дар зиндагиаш ба рӯяш дари дӯзахро кушодааст: яке доғи хуни тоҷи Екатерина, яъне куштани шоҳ, дуюмӣ хиёнати шавҳараш. Аз рӯи нақли Анастасия Шербинина ба Пушкин, фоҷиаи оилавии Дашковҳо ба муносибати маҳрамонаи шоҳбону Екатерина бо Михаил пайвастагӣ дошт. Албатта, шояд суханони Анастасия ҳақиқат аст. Зеро аз Екатерина инро чашмдор шудан мумкин буд. Чаро ӯ бо афсари зебо, хушқаду андом лаҳзае ишқ наварзад? Агар тахмини мо рост бошад, кас ба ҳайрат меафтад, ки чӣ тавр Дашкова хиёнати дуҷонибаро таҳаммул намуд. Чӣ хел дар сари гаҳвораи тифли дуюмаш, ки модархонди таъмидӣ шуданро шоҳбону ихтиёрӣ ба уҳда гирифт, худро ором нигоҳ дошт.

пешина
аз 424
навбатӣ