Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Екатерина
Романовна
Дашкова

(Солҳои зиндагиаш
1744-1810)

Князбону. Иштирокчии табаддулоти давлатии соли 1762, ки ба тахт Екатеринаи II-ро овард. Аз соли 1769 зиёда аз 10 сол дар хориҷа зиста, бо Волтер, Дидро, Смит вохӯрдааст. Солҳои 1783- 1796 директори Академияи илмҳои Петербург ва президенти Академияи илмҳои Русия будааст. Муаллифи «Ёддоштҳо».

Карнайи шӯҳрати таърихӣ дар хусуси ӯ ҳамчун «шахси олим ва президенти ду академияи рус» хабар додааст. Ва, агар кадоме дар хоби шаб орзуи вазифа карда бошад ва ё дар роҳи сангини илм ба қуллаи мурод «ба нохун роҳ дар хоро бурида»
бошад, Екатерина Дашкова дар орзуи инҳо набуд, ба ҳукми қазову қадар ба зинаи баландтарини шӯҳрат баромад, вале ӯ барои худ зиндагии осоиштаи занона: шавҳар, фарзандон, ҳаёти оилавии моломоли ишқу муҳаббат мехост. Дар зиндагиаш бахти осмонӣ ба мисли сояи шаффофе як намудор гашту ба сӯяш кашид, пас масхара карду ба доми танҳоӣ афканд.

Графбонуи понздаҳсола Воронсова аз шароби ишқ мадҳуш буду ба суханони касе эътибор намедод ва бо хоҳиши худ бо поручики полки Преображенский Михаил Дашков ақди никоҳ баст.
Духтарак то издивоҷаш зиёд китоб мехонд. Бисёр қомусҳо, луғатҳои чандзабона гирд оварда, китобхонаи бошукӯҳеро созмон дода буд. Дар асри XVIII-и Русия дар миёни мардҳо ҳам ба мисли ӯ шахси

пешина
аз 424
навбатӣ