Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Хуан дар 19-солагӣ аз дунёи фонӣ ба ҷаҳони боқӣ рахти сафар баст. Шоҳбонуи ҳанӯз оламоро либоси сиёҳи роҳибӣ пӯшид, намехандид, ғамзадаву пурхашму адебӣ шуд.

Бинои ишқи Изабеллаву Фердинанд низ шикаст. Шоҳ бо маъшуқаҳо айш меронду малика бо тоату ибодат машғул буд.

Кори таърихие, ки Изабелла анҷом дод, ин дастгирии экспедисияи Христофор Колумб ба ҳисоб меравад. Вақте ки Колумб соли 1485 маликаро бо нақшаи сафараш шинос намуд, Изабелла ба ваҷд омад, аммо ҷанг садди роҳ шуд. «Баъди ғалаба дар ин бобат гуфтугӯ хоҳем кард», — гуфт шоҳбону. Ва сайёҳи итолиёвӣ баъди ғалабаи малика боз ба дарбори ӯ қадам ранҷа намуд. «Бисёр гарон», — гуфт Фердинанд баъди шунидани Колумб. «Агар ба ҳукмрони Арагон пешбинии оянда муяссар нагардида бошад, боке нест, аз номи Кастилия худам қарор мебарорам», — иброз дошт Изабелла. Муноқишаи зану шавҳар ҳамин тавр ба кашфи қитъаи нав замина гузошт.

Вале гуфтан дигару иҷро кардан дигар аст. Хазинаи Испания баъди ҷанг тиҳӣ буд. Ровиёни ахбор мегӯянд, ки Изабелла ҷавоҳироти шахсиашро ба гарав монда, барои экспедисияи Колумб маблағ ёфт. Шояд ин афсона бошад. Вале ба ҳар ҳол 3 августи соли 1492 Колумб бо се киштию 90 нафар маллоҳу сайёҳ, табибу роҳиб ба сафари баҳрӣ баромад. Ба ҳама аён аст, ки Колумб дар ин сафараш ба Ҳиндустон нарасид, балки Дунёи Навро кашф кард.

Пас аз ин Изабелла боз се экспедисия созмон дода, шуҳрати ҷаҳонкушоиро бо Колумб ба ҳам дид. Дар ҷазираи Эспанола сайёҳ нахустин колонияи аврупоиҳоро созмон бахшид ва онро ба шарафи шоҳбонуи Испания Изабелла ном гузошт. Зеро Колумб маҳз бо ёрии ӯ орзуяшро ҷомаи амал пӯшонда тавонист. Воқеан, агар Изабелла ба Колумб бовар намекард, таърихи дунёи он замон чӣ гуна анҷом меёфт? Ин даркнопазир аст.

пешина
аз 424
навбатӣ