100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Солҳои нахустини оиладорӣ барояш бахт оварданд. Соли 1470 Изабелла соҳиби духтарча шуд, пас аз чор сол Генрих аз олам чашм пӯшид ва Изабелла маликаи Кастилия эълон гашту ду давлати бузурги Испания — Кастилия ва Арагон ба ҳам пайваст. Ин имкон фароҳам овард, ки бар зидди Гранада қувва ҷамъ намоянд. Изабелла аз шароити муфид ба фоидаи кишвараш истифода бурд. Соли 1480 Арагон ва Кастилия бар зидди арабҳои Гранада ҷангро оғоз карданд. Бояд гуфт, ки Изабелла дар юришҳо аз рӯи вазифа ширкат намеварзид, балки тақозои хислати моҷароҷӯияш ба ин водор месохт. Ҳамаи азобу машаққат ва нобарориҳои ҷангро баробари мардон таҳаммул намуда, боз тавонист даҳ фарзандро ба дунё орад. Сарчашмаҳо маълумот медиҳанд, ки панҷ нафари онҳо ҳанӯз дар овони тифлӣ аз олам гузаштанд. Изабелла ҷисман ба «амазонкаҳо» монанд набуд, баръакс, ҳамзамононаш зикр кардаанд, ки шоҳбону зани мӯрчамиёни нозукбадане буду мӯйҳои фатилаи хурмоиранг дошт.
Бачаҳои Изабелла ва Фердинанд ба ғайри зиндагии аскарӣ аз дигар дилхушиҳои овони наврасӣ маҳрум буданд, сару либоси калониро хурдӣ мепӯшид. Албатта, Изабелла метавонист онҳоро дар қасраш бимонад, аммо ӯ чунин мепиндошт, ки ба тарбияи фарзандон ҳатман худ бояд машғул шавад. Аз панҷ танҳо яке, Хуан, писар буд ва волидайн аз ӯ умедҳои зиёд доштанд.
Изабелла Хуану ном духтарашро беҳад дӯстдорӣ мекард, зеро вай ба модараш бисёр монанд буд. Вале тақдири Хуану фоҷианок шакл гирифт. Ӯ бо Филиппи австриягӣ издивоҷ намуду пас аз таваллуди писар ақлашро бохт. Баъди марги шавҳараш ӯро дар қалъаи дуре ҳабс намуда, тамоман аз хотир бароварданд. Вале Изабелла дар зиндагиаш чунин зору ҳақир гаштани ҷигарбандашро надод.
Бахту иқболи модарӣ, нисбат ба комёбиҳои ҷангӣ, аз малика рӯй тофт. Соли 1497 боз фоҷиае сар зад, писари ягонааш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё