100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
устувор намуд. Ба монандӣ ҳукмрони зӯр шоҳбонуи Испания гоҳо бераҳмиро аз ҳад мегузаронд, баъзе амалҳояш давлатдории ӯро зеб намебахшиданд. Вале, умуман Изабелла, бонуи хурдҷуссаи ҳиссиёташ пурихтилоф, дар таърих чун симои фавқулодда бо савлати ва бо нуфуз мондааст.
Изабелла дар оилаи Хуани II, шоҳи Кастилия, ба дунё омадааст.
Дар он замон Испания ба чанд шоҳигарии соҳибихтиёри қашшоқ тақсим мешуд. Агар Кастилия ва Арагон давлатҳои масеҳитабор ба шумор раванд, кишвари ҳамсоя-Гранада дар дасти мусалмонон буд. Изабелла дар муҳити бадбинии мӯътақидони динҳои ғайриисавӣ тарбият меёфт ва ҳанӯз аз наврасӣ дар дил орзу мепарвариd, ки Испанияро зери ливои як дин муттаҳид созад.
Падари Изабелла шахси беозору раҳмдил буд, аммо модараш аз дарди ҷанҷолу хархаша ҳамеша азоб мекашид. Духтарак дар шаҳрчаи хурди Аревало дар муҳити оддӣ ба камол мерасид, зеро ҳанӯз дар чорсолагиаш аз падар маҳрум гашт ва модараш баъди ба тахт нишастани писари ӯгайяш Генрих, ки шахси ҷоҳилу хасисе буд, аз дарбор рафт.
Воқиаи нахустини чашмраси дар ҳаёти ӯ ба вуқӯъ пайваста фотиҳа шуданаш бо валиаҳди тахти Арагон шоҳзода Фердинанд буд. Ба Изабеллаи ҳассос домодро чунон васф намуданд, ки ғоибона ошиқи шайдо шуд. Ва ҳақиқат низ ӯро фириб надод.
Вақте ки соли 1469 Фердинандро дид, аз ҳаяҷони зиёд нафас дар гулӯи мисли барги гул нозукаш печид, зеро шоҳзода чун дар тасаввураш ҷавони болобаланд, меҳрубон ва ба ақидааш устувор буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё