Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

тавоно гап мезаданд. Аммо Карли сустирода, беҷуръат, аз тарси он ки вазъияташ боз ҳам бадтар нашавад, мекалавид. Қарор карданд, ки ба масъала аз нуқтаи назари илм баҳо диҳанд. Комиссияи босалоҳият дар ҳайати фақеҳони шинохта ба Жанна ҳамчун католики боэътимод баҳо дод, занҳо бо сарварии модарарӯси Карл Иоланта Арагон духтаракро поксиришту баиффат дарёфтанд. Оқибат Карл ба Жанна ливои ҷангиро бо нишони шоҳи Франция супурд. Дастаи ҳарбиёни Жанна ба Орлеани муҳосирагашта ёрии моддӣ расонд. Ғалабаи нахустини бону барқвор дар саросари мамлакат паҳн гашт. Аз ҳар гӯша шунида мешуд, ки фариштае аз осмон фаромадааст, то ки диёри онҳоро аз ғосибон озод созад. Ҳар рӯз садҳо нафар зери ливои Жанна гирд меомад.

Пеш аз он ки ба амалиёти ҳарбӣ даст занад, Жанна ба урдугоҳи англисҳо, ки Орлеанро ба ҳалқаи муҳосира гирифта буданд, чунин хатча фиристод: «Англисҳо, ба шумо, ки ба тахту тоҷи Франция ягон ҳуқуқе надоред, Шоҳи осмонҳо ба воситаи ман фармон медиҳад: аз муҳосира даст кашед ва ба ватанатон баргардед, вагарна ҷангеро оғоз менамоям, ки якумр дар хотир нигоҳ хоҳед дошт...»

Имзо: Исо, Марям, Жаннаи боисмат, 18 июни соли 1429. Душман аз тарсу ҳарос гурехт. Жанна савори аспи мушкин, бо мӯйҳои парешон, дар ҷойҳои хавфноктарин пайдо мегашт ва ҷангиёнро баҳри озодии ватан ба ғалаба раҳнамун месохт.

Карл ҳам аз ғалабаҳои пайдарҳами Жанна рӯҳбаланд гашта, ба сӯи Реймс асп давонд. Шаҳрҳо, деҳаҳо паиҳам ба ӯ сар фуруд меоварданд. Карл аз чашидани шаҳди ғалабаҳои духтараки баисмат лаззат мебурд. 16 июл маросими бошукӯҳи тоҷгузорӣ дар шаҳри Реймс сурат гирифт. Жанна дар паҳлӯи Карли VII меистод, баъди маросим ӯ гирён дар назди шоҳ зону заду гуфт: «Азлоҳазрат шоҳ, ҳамакнун иродаи Парвардигори олам ҷомаи амал пӯшид. Ӯ маро вазифадор кард, ки шуморо ба Реймс ҳидоят намоям, то ки ҳама ҳукмрони ҳақиқии Францияро синосад.»

пешина
аз 424
навбатӣ