100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
бошанд, ҳамон андоза таваҷҷӯҳи халқ ба онҳо бештар мегашт, яъне одамон мехостанд бовар намоянд, ки Франсияро танҳо мӯъҷиза метавонад наҷот бахшад. Ва мӯъҷиза рӯй дод.
Оилаи деҳқони осудаҳоли д’Арк ба ғайри Жанна боз соҳиби ду писар ва ду духтар буд. Онҳо дӯстона мезистанд, ба Худо сахт эътиқод доштанд. Шуғлашон чорводорӣ буд. Жанна аз бародарону хоҳарон фарқе надошт, танҳо бештар худоҷӯй буду ҳар соати фориғ аз кори хонаро бо тоату ибодат ба сар мебурд. Аз тахти шоҳӣ маҳрум гаштани Карли VII-ро Жанна ҳамчун фоҷиаи шахсӣ қабул намуд, дили ҳассосаш ба дард омад. Аз бадбахтии халқаш, аз талаву тороҷ гаштани боигарии диёраш азоби алим кашид ва аз дунёи пурҷафо ба олами ғайб пайваст. Рӯъё падид омад, ба гӯваш садои малаки муқарраб Михаил ва Маргаритаю Екатеринаи муқаддасу поксиришт расид. Онҳо ӯро ба корнамоии душвор баҳри озодии ватанаш илқо намуданд. Жанна даъвати шунидаашро аввал ба пайвандонаш гуфт, онҳо аз шунидани хабар танҳо ҳайрон шуданд, зеро духтараки бесавод чи гуна метавонист мақсадашро рӯшан баён созад: ҳол он ки мақсадаш озод кардани Орлеан ва иҷрои маросими тоҷгузорӣ ба валиаҳди шоҳ дар Реймс буд.
Зоҳиршавии биби Марям ақидаи Жаннаро дар хусуси баҳри иҷрои кори муҳим офарида шуданашро устувор намуд. Вай ҳамроҳи амакаш ба қалъаи Вокулер, ки дар он рӯзҳо ҷойи зисти шоҳи маъзул Карл буд, омад. Ба хӯҷаин аз қадам ранҷа фармудани меҳмони аҷиб хабар доданд. Аммо Карл ба ӯ ва суханонаш эътиборе зоҳир насохт. Аммо қувваҳои осмонӣ ором нашуданд. Маъшуқаи шоҳ Агнесса Сорелро ба сухан оварданд. Ба шарофати исрори пайгиронаи ӯ шоҳ дар Шинон 29 феврали соли 1429 духтараки деҳотиро ба ҳузур пазируфт. Карл дар байни дарбориён меистоду аз онҳо ягон фарқе надошт, аммо Жанна, ки шоҳро боре ҳам надида буд, ӯро дарёфт ва ба вай муроҷиат кард.
Суханони ватандӯстонаи духтарак ба қалби ҳозирон таассуроти зӯр гузоштанд. Гӯё ба воситаи ӯ кадом як нерӯҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё