100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ҷодугар эълон карда, ба суди калисо супурданд. Бо гуноҳи бидъат духтараки ватанхоҳро дар оташ сӯхтанд. Соли 1920 калисои католикҳо Жаннаро бонуи муқаддас ҳисобид.
Пушкин навишта буд, ки «...дар таърихи навин нисбат ба ҳаёт ва мамоти қаҳрамони Орлеан намунаи бештар риққатоваре нест». Дар воқеъ, корнамоии Жанна дар таърихи башар ба худ ҳамто надорад. Рафтори ӯ ба чаҳорчӯбаи ягон қонунҳои замона ва ҳатто психологияи инсон намеғунҷад. Ҳама вақт, ҳангоми таҳлили зиндагиномаи ӯ, ба як сабаби шарҳнопазир, ба як нерӯи ғайризаминӣ, ки варо идора менамуд, бармехӯрӣ.
Таърихи бонуи Орлеан давраи ҷамъбастии ҷанги садсолаи байни Англия ва Франция ба ҳисоб меравад. Англисҳо замини французҳоро дар мобайни асри XII ғасб карда буданд ва намехостанд онро аз даст диҳанд. Дарбори шоҳи Франция аз кашмакашиҳои дохилӣ, хиёнат ва дасисабозиҳо хеле заиф гашта буд. Завҷаи бадахлоқи Карли VI Изабеллаи Баварӣ, ки духтарашро ба никоҳи шоҳи англис Генрихи V дароварда буд, тахту тоҷи Францияро низ ба домодаш бахшид ва писараш Карли VII-ро аз мулкдорӣ бенасиб гардонд.
Англисҳо худро хӯҷаини ҳақиқии Франция ҳисобида, диёри бесоҳибро ғорат мекарданд, мехӯрданду месӯхтанд, ритсарҳо ва дворянҳои ба фиску фуҷур фурӯрафтаи франсуз ёрои сарафрозӣ надоштанд. Аз дасти мардуми бечора низ чизе намеомад.
Дар ҳамин вазъият дар байни одамони корд ба устухонашон расида овозае паҳн гашт, ки гӯё кишварро танҳо қувваи
поку тавоно алорағми фисқу фасод наҷот бахшида метавонад
ва ин нерӯ дар симои бонуи боиффат зуҳур мегардад. Овозаҳо
бемантиқ буданд, зеро дар асрҳои миёна зан дар ҷомеа мавқеи баланд надошт ва занро ҳамчун инсони комил ба назар
намегирифтанд. Аз ин рӯ оид ба духтари боиффате сухан рондан арзише надошт. Чунки дар ин синну сол вай ба чизе сарфаҳм нахоҳад рафт. Аммо овозаҳо чи қадар бемаънӣ ва ҳарза

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё