Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

худ кард. Солномаҳои Русиро таҳқиқ намуда, ба низом овард ва ҳатто ба забоншиносии муқоисавӣ завқи беандоза зоҳир сохт. Вақте ки яке аз ошиқони шайдояш фавтид, ӯро аз афсурдаҳолӣ ва одамгурезию танҳоӣ асари филологии бисёрҷилдаи Жебеленя наҷот дод. Шоҳбонуро ақидаи олим дар хусуси забони одамони давраи қадим ба худ кашид. Дар ин самт бисёр китобҳоро гирд овард ва дар асоси забони русӣ ба тартиб додани луғати муқоисавии забонҳо даст зад. Баъдтар ҳамаи матлабҳои ғуннамудаи Екатеринаро ба академик Паллас супурданд ва ӯ ҷилди нахустини фарҳангро ба чоп омода гардонд.

Давраи ҳукмронии Екатерина пур аз ихтилоф буд. Вай ба ҳама озодӣ ва савод надода бошад ҳам, аммо дар қалби мардуми рус чӣ гуна аҳамият доштани ин мафҳумҳоро ҳамчун асоси мавҷудияти шахсият ҷой кард.

Жанна д’Арк
(Солҳои зиндагиаш
1412-1431)

Дӯшизаи орлеанӣ, қаҳрамони миллии Франция. Муборизаи озодихоҳонаи франсузҳоро бар зидди ғосибони англис сарварӣ намуда, соли 1429 Орлеанро аз муҳосира наҷот бахшидааст. Фаъолияти ӯ ба Ҷанги садсола (1337-1453) таъсири жиддӣ гузоштааст. Соли 1430 вай ба дасти бургундҳо асир афтод, онҳо ӯро ба англисҳо фурӯхтанд. Англисҳо Жанна д’Аркро

пешина
аз 424
навбатӣ