Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

васф намоянду ба осмони ҳафтум бароранд, ҳатто он чизеро, ки худ меписандид, ба ҳамагон талқин мекард. Екатерина ба архитектура, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ хуб сарфаҳм мерафт, вале мусиқиро намефаҳмид. Вай танҳо ба асарҳои мазҳакавӣ завқ дошт.

Агар фарз намоем, ки шоҳ будан касб бошад, Екатерина аз ҳамаи санҷишҳо сарбаландона мегузашт. Вай, ҳамин ки дар хусуси коре ба қароре омад, филфавр аз пайи иҷрояш талош меварзид. Барои император аз ҳама душвораш ба чизе шубҳа доштан буд. «Барои одамоне чун ман, — эътироф мекард Екатерина — дар дунё аз шубҳа дида чизи вазнинтаре нест». Зиндадилӣ ва ташаббускорӣ хислатҳои зебандаи шоҳбону буданд ва ӯ бо ҳамин ҷиҳатҳояш атрофиёнро муттаҳид месохт ва баҳри дарёфти ғалабаҳо ва рушди иқтисодии кишвар сафарбар мекард.

Танҳо як дафъа, вақте ки туркҳо ҷанги дуюмро эълон намуданд, лаҳзаи саросема шудани Екатерина ба назар расид. Вале зуд худро ба даст гирифт. Ӯ боре ҳам дар зиндагиаш аз ҳуш нарафтааст, дар лаҳзаҳои душворитарин ҳам табассум аз лабонаш канда намешуд.

Ба мисли ҳамаи одамони бузург, Екатерина ҳам аз ҳад зиёд кор мекард. Вай аз ҷузъиёти масъалаҳои хурду калон воқиф мегашт, ҳар як корро то ба охир нарасонад, дилаш қарор намегирифт. Аз соати 6-и субҳ то соати 10-и шаб фароғат надошт. Фридрихи II, шоҳи прусӣ, аз ин хислати пуртоқатии Екатерина ба ҳайрат афтода, аз сафири рус ҳасратомез пурсидааст: «Наход шоҳбону дар ҳақиқат ҳам, чи тавре ки мегӯянд, бисёр заҳматпеша аст? Мешунавам, ки ӯ аз ман дида бештар кор мекардааст».

Екатерина донишманд буд. Дар солҳои арӯсиаш, ки танҳо мезист, тамоми вақти холиашро ба омӯхтани асарҳои фалсафӣ мебахшид. Вай таърихи Олмон, асарҳои кайҳоншиносии Балйӣ, корҳои илмии қонундони англис Блекстонро ...аз

пешина
аз 424
навбатӣ