Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

баҳри дарёфти восита-чӣ гуна ба ин комёб шавам?-бахшидам», - мехонем аз ёддоштҳояш.

Екатерина ба ақли расову гирояш такя намуда, ягона роҳи дурустро пеш гирифт. Ба боақлу тадбир будани ӯ фақат шавҳараш шубҳа дошт ва ин боиси аз тахт вожгун шуданаш гашт.
Екатерина бо сеҳри сухану муносибати гарм дили атрофиёнро тасхир мекард, ҳарфи дигаронро бо диққат мешунид, ба ашхоси ҷӯяндаву ташаббускор баҳои арзанда медод. Аз ин рӯ, вақте ки пас аз фавти Елизавета ба тахт нодонаки якумра Пётр III нишасту ба азоб додани завҷааш пардохт, аҳли дарбор тарафи Екатеринаро гирифт.

Боре Пётр III дар назди одамон занашро сахт таҳқир кард ва таҳдиди ба зиндон афкандан намуд. Екатерина талх гирист ва бори нахуст дар хусуси ғасби тоҷу тахт, ки ҷонибдоронаш кайҳо боз талқин доштанд, ба андеша рафт ва онро ҷомаи амал пӯшонд. Пётр III ночор ба истеъфономаи барояш тартибдода имзо гузошт. Шоҳи маъзул аввал дар Петергоф, сипас дар Ропша ба сифати маҳбус нигоҳ дошта мешуд.

Екатерина аз шоҳбонуҳои дигар бо он фарқ дорад, ки вай сабабгори марги шавҳари аз тахт вожгунгаштааш набудааст.
Пётр III дар нӯшонӯшии навбатӣ ба ҳалокат расид. Бо яке аз ҳамсӯҳбатон баҳс намуда, фаромӯш кард, ки вай дигар шоҳи кулли Русия нест. Дар ин моҷаро шоҳи маъзул сар бохт.

Ҳукмронии Екатерина аз ҷониби таърихдонон баҳои мухталиф гирифтааст, зеро шахсияти император ҳам пурихтилоф
буд. Вай худро ба ҳар шароит, вазъият ва муҳит мутобиқ менамуд. «Ман ба мысли Алкивиад ҳам дар Спарта ва ҳам дар Афина зиста метавонам»,-мегуфт Екатерина худро бо қаҳрамонони
дунёи қадим монанд намуда. Ҳарчанд Екатерина дар ҳалли
масоили мушкил ҳамто надошт, хушомадро меписандид. Вай
аз ҷавонӣ ба ақидаи атрофиён ҷиддӣ аҳамият медод, мехост
донад, ки одамон дар ҳақаш чиҳо мегӯянд. Баъди ба даст овардани ҳокимият танқидро бад медидагӣ шуд. Мехост, ки ӯро доимо

пешина
аз 424
навбатӣ