Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Вале, ҳамин ки ба хона бармегашт, духтаракро сахт мегирифт ва ҳатто омода буд, ки барои шӯхию ночизе шаллоқ занад. Қаҳрамони мо ба ҳамаи сахтгириҳо бо таҳаммул тоб меовард ва вақту соати худро мепоид.

Барои издивоҷаш Екатерина бояд аз император Елизавета миннатдор мешуд, зеро ӯ ба писараш аз авлоди худ арӯс ҷуст. София –Августа ба шавҳаршавандааш аз ҷониби модар духтари холабача ба ҳисоб мерафт ва Елизавета ин никоҳро кори оилавӣ меҳисобид. Аммо риштаи хешигарӣ дар дарбори шоҳи рус ба София-Августа бахт наовард. Муносибати маҳрамона бо Пётрӣ III хуб нашуд. Домоди ҳабдаҳсола бо аскарбозӣ машғул буду аз ҳоли арӯс тамоман парвое надошт. Холааш бошад, сахтгириро аз ҳад мегузаронд.

Елизаветаи куҳансол ҷиянашро ба мисоли парандаи ваҳшӣ дар қафас нигоҳ медошт, гӯё дар симои арӯс ҳарифи худро медид. Бе иҷозат ба кӯча баромадан, ба ҳаммом рафтан намемонд, намегузошт, ки дар наздаш варақу сиёҳидон бошад. Ҳар қадами завҷаи вориси тахт зери назари хабаркашон қарор дошт, ҳатто мактубҳои ба модар навиштаашро кушода мехонданд. Албатта, гоҳҳо Елизаветаи инҷиқ дасткушод мешуду ба арӯс тӯҳфаҳои зиёд мебахшид, аммо баъди соате дӯғу даранг мекард, ҳатто таҳдиди шаллоқ задан менамуд. «Рӯзе набуд, ки гап нашнавам ва суханинҷо ғайбатам накунанд», - навишта буд Екатерина.

Баъди таҳқири навбатие Екатеринаро ҳиссиёти мағшуше фаро гирифт ва ӯ тоқат наёварду худро корд зад. Хушбахтона, корд чунон кунд буд, ки ҳатто аз корсет, миёнбанди махсуси занона, нагузашт. Вале чунин лаҳзаҳои афсурдарӯҳӣ кам воқеъ мегаштанд. Екатерина ба ояндаи дурахшон сахт бовар дошт, бештар зиндадил буд. Медонист, ки ӯро чӣ интизор аст, баҳри ба ҳукумат даст ёфтан сабуриро пеша намуд. «Рӯзе дар кӯчаи мо низ ид мешавад», - мегуфт ӯ дар дилаш. «Ҳама коре, ки ман кардам, барои расидан ба мақсад буд ва ҳар лаҳзаи ҳаётамро

пешина
аз 424
навбатӣ